АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА НАТИҶАГИРИ ШУД.

Санаи 8-уми июли соли 2022 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 доир гардид. Дар маҷлис Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд.

Нахуст муовини якуми Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло ба сухан баромада доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 муфассал ҳисобот дод. Номбурда зимни баромад гуфт, ки “ Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми январи соли 2022 № 311 барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, МИҲД-и ноҳия дар асоси қарори Раиси ноҳия аз 28-феврали соли 2022, № 53 нақша-чорабиниҳо иборат аз 115 банд ба тасвиб расонида сохтмони иншоотҳои гуногунро ба нақша гирифтааст. Ҳамаи иншоотҳои ба нақша гирифта шуда бо мақсади ободонию пешрави ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони ноҳия мебошад. Дар идома доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ҳарф зада гуфт, ки баҳри рушди саноат дар ноҳия ҳамаи чораҳои зарури андешида шудааст. Дар ноҳия ду корхонаи саноати амал мекунад. Яке аз онҳо ҶДММ “Қудрат 2010” мебошад, ки ба истихроҷи ангишт машғул аст ва дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 38-ҳазору 550 тона ангишт истеҳсол намудааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад. Ҳамчунин маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 5млн 925-ҳазор сомониро ташкил медиҳад”-гуфт Бурҳонзода Иноятулло. Дар идома доир ба масъалаҳои энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ муфассал ҳисобод дода шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни маҷлис масъала ва мушкилоту муаммоҳои соҳаҳои гуногун аз ҷумла маорифу тандурустӣ ба баррасӣ кашида шуданд. Дар соҳаи маориф масъалаҳои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ, норасоии кардҳо, иҷроиши Барномаи компиютерикуннии муассисаҳои таълимӣ ва раванди дуруст бароҳ мондани таълими техналоягияи информатсионӣ дар мактабҳо, инчунин дар соҳаи тандурустӣ бошад доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бартараф намудани норасогии кадрҳо дар соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳо баррраси гардида, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим аз масъулини сохторҳои марбута пурсиш ба амал оварданд. Дар охир Раиси ноҳия доир ба мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ҳарф зада ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои соҳаи хеш чораҳои далхдор андешида, бо истифода аз имкониятҳои мусоид ҳарчи зудтар мушкилоту норасогиҳоро бартараф намоянд.                                                                                                     Саидвоҳиди Қосим