Машғулияти идоравӣ бо хизматчиёни давлатӣ

0
13

Санаи 6-уми июли соли 2022 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон озмуни ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлати дар вилояти Суғд Сулаймонов Қадриддин баргузор шуд. Озмун тибқи муқаррарт гузаронида шуда шахсони арзанда ва кадрҳои лаёқадманд ба маснабҳои гуногун таъин карда шуданд. Пас аз баргузории озмун дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Сулаймонов Қадриддин машғулияти идоравӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” гузаронида шуд. Дар рафти машғулияти идоравӣ намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи хизмати давлатӣ” муфасал ҳарф зада, инчунин оиди пешравии кор, тарбияи кардҳои ҷавон, обрӯ ва эътибори хизматчии давлатӣ, ҷобаҷогузории кардҳои арзанда ибрози назар кард. Дар идома як суҳбат ошкоро миёни хизматчиёни давлатии ноҳия ва намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, Қадриддин Сулаймонов саволу ҷавоб сурат гирифт, ки кормандон ва хизматчиёнии давлатии ноҳия ба суолҳои пешниҳод намудани худ посухҳои мушаххас гирифтанд.