Ваҳдат омили пойдории давлат

0
3

Санаи 24 уми июни соли 2022 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмию-амали таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ–омили асосии пойдории давлату миллат» бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва фаъолони ноҳия доир гардид.

Раиси ноҳия дар оғози конфронс суханрони намуда ҷамъомадагонро ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда аз ҷумла чунин гуфт: «Имсол аз барқарор гардидани истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ё худ Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сарзамини аҷдодиамон 25 сол пур мешавад. Воқеан дар ин муддати кутоҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳое ноил гардид, ки барои давлат ва миллати мо аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Таҷрибаи таърихии инсоният собит намудааст, ки дар тамоми давраҳои вазнин давлату миллатро танҳо роҳбари донову оқил ва содиқ ба миллати хеш раҳо карда метавонад. Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ки боиси ҳалокати ҳазорон-нафар ва  фирори беш аз 1-миллион мардуми тоҷик аз ватани аҷдоди шуд. Хушбахтона ба бахти миллати тоҷик   роҳбари хирадманде чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва миллатро аз вартаи нобуди раҳо карданд. Сарвари дурандеши мо бо ваъдаи «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ба майдони сиёсат қадам гузошта, дар азми гузоштаи хеш устуворона гом бардошта ба ваъдаи худ вафо карданд, ки инак мардуми шарифи Тоҷикистон 25-соласт дар зери парчами сулҳу ваҳдат дар фазои оромию субот ба сар мебаранд» баён кард  Бобозода Хайрулло.

Дар рафти конференсияи илмӣ-амали таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ–омили асосии пойдории давлату миллат» мудири бахши маорифи ноҳия Салимов Сафар, Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Холов Шомаҳмад, котиби Шӯрои ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Шоев Абдуҷаббор доир ба Ваҳдати миллӣ- омили ососи рушди Тоҷикистон ва аҳамияти таърихӣ, инчунин нақши бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбқи сулҳи тоҷикон ва пайдории Ваҳдат дар ин сарзамин, баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар охир иштирокчиёни конференсия бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он барои садоқату вафодорӣ, меҳнату хизматҳои шоиста, инчунин арҷгузори ва эҳтиром ба миллату давлат, маротибаи дуюм додани унвони Олии Қаҳрамони Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида буд ва аз ҷониби иштирокчиён бо самимияти хос ироа карда шуд.                        Саидвоҳиди Қосим