Муроҷиатнома

0
0

Иштирокчиёни конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ –омили асосии пойдории давлату миллат» бахшида ба 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Мо иштирокчиёни конференсия бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва шинохти ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар эъмори давлатдории навини тоҷикон, ки дар давоми солҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа бо дастовардҳои назарраси таърихию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидаем, шукргузор буда, пайваста дар масири корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими сулҳу субот саҳми босазои худро мегузорем.

Воқеан, сулҳофарӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи навини соҳибистиқлолӣ мактаби намунаи таҷрибаи олии ватандорӣ буда, баёнгари фарҳанги ғанию арзишҳои асилии миллӣ мебошад, ки эҳёи он ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Имрӯз, таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии тоҷиконро давлатҳои дунё меомӯзанд ва эътироф менамоянд.

Ваҳдати миллии тоҷиконро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Ба толеъи баландӣ миллати тоҷик фарзанди фарзонаи он Эмомалӣ Раҳмон Сарвар интихоб шуд ва аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ талош варзид. Баъди вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои пай дар пай бо мухолифин, ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Дар фазои сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо зиндагии осоишта таъмин буда, дар ҳама соҳаҳо рушди комили иқтисодиву иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шӯълаи умедро ба фардои ободу осӯда фурузон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид».

Бо назардошти хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини суботи комили сиёсӣ ва рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, мо иштирокчиёни конфронсия маротибаи дуюм ба унвони олии Ватан «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро камоли эҳтирому қадршиносии мардуми Тоҷикистон нисбат ба ин фарзанди фарзона, наҷотбахши халқу ватани худ медонем ва аз мақоми олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки ин амри ифтихорофарину созандаро амалӣ намояд.

Бигзор, ҳамеша дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот ҷовидона пойдор бимонад.