Семенар -машварати омӯзишӣ
Санаи 20-уми июни соли 2022 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ семинар машварати омӯзиши доир ба лоиҳаи » Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар муовини якуми раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло, намояндаи лоиҳаи мазкур Алишер Ҳайдаров, котиби ҳамоҳангсози лоиҳа дар ноҳия Идиев Абдуамон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.
Нахуст Алишер Ҳайдаров намояндаи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» баромад намуда ҳадаф ва мақсадҳои лоиҳаро баён намуд. Номбурда гуфт мақсади лоиҳа вусъат додани истифодаи бастаи асосии хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони то синни 6-сола мебошад. Лоиҳа фаъолияти худро дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ амалӣ мегардонад.
Сипас котиби ҳамоҳангсози лоиҳа дар ноҳия Идиев Абдуамон оиди механизмҳо ва хизматрасониҳои лоиҳа суханрони намуд.
Пас аз муаррифии ҳадафу мақсадҳои лоиҳа муовини якуми раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло низ суханронӣ намуда, изҳори умед кард, ки лоиҳаи мазкур дар давоми фаъолияташ дар ноҳия баҳри беҳбуд бахшидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон саҳми худро мегузорад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи » Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 5-соли оянда дар қаламрави кишвар амалӣ карда мешавад. Лоиҳа тибқи нақша дар чандин ноҳияҳои кишвар ҳадафҳои худро амалӣ менамояд. Дар миёни 18- шаҳру навоҳии вилояти Суғд танҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун ноҳияи зерҳадафи лоиҳа қабул карда шудааст. «ПАЁМИ КӮҲИСТОН»