Харобкориҳои офати табии

0
32

Бар асари боришоти борон санаҳои 15-16-уми июни соли 2022 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сел омада роҳҳо, заминҳои кишоварзии ҳудуди чанде аз деҳоти ноҳияро хароб кард. Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз мавзеъҳои офатзада дидан намуд. Ҳангоми боздид аз мавзеъҳои зарардида ба масъулини дахлдор супориш дод, ки оқибатҳои офати табии ҳарчӣ зудтар бартараф карда шуда, инчунин ҷиҳати пешгири аз офатҳои табии дар оянда чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Тибқи иттилои Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ -дар натиҷаи боришоти боронӣ, санаҳои 15-16- уми июни соли ҷорӣ сел омада 65 километр роҳҳои ҳудуди ноҳия, инчунин 0,95 га картошка, 120 метр ҷуйбор 0,58- беда, 0,29 га боғ  ва 0,10га ғалладонагиҳоро дар ҳудуди ҷамоати Иван- тоҷик аниқтараш деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкат хароб кардааст.

Тибқи иттилои масъулин баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табии кор ба таври зарури рафта истодааст. То имрӯз аллакай роҳҳои хароб гардида аз сел тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди ноҳия бемамоният ба роҳ монда шудааст.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷиҳати хавфи офатҳои табии осебпазир буда ҳамасола бар сари боришоти борон сел омада роҳу пулҳо, заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои истиқоматиро вайрон менамояд.

Соли гузашта дар ҳамин мавсим низ бар асари боришоти борон сел омада роҳу пулҳо ва ба хусус зироатҳои зиёдеро дар айни нашъунамо ба коми худ бурда, ба ноҳия беш аз 1-млн сомонӣ зарар расонид.