КӮДАКОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

0
189

Ҳамасола 1-уми июн тамоми мардуми сайёра ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн мегиранд. Рӯзи ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, аввалин маротиба соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил гардид.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1-уми июн ҳамасола дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Бо ин мақсад санаи 31-уми майи соли 2022 дар саҳни мактаб-интернати ноҳия ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Насим Ҳоҷизода, фаъолон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат гирди ҳам омада буданд.

Дар чорабинӣ нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода тарбиятгирандагони мактаб-интернат ва дар симои онҳо тамоми кӯдакони ноҳияро ба Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосиии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардида, дар бештари давлатҳои дунё ба тасвиб расидааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кўдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳамчунин, номбурда дар идомаи суханронии худ зикр намуд, ки  кӯдакон чун категорияи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманд маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, зоҳир намудани ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо яке аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳони муосир баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак тамоми заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварда, ҷиҳати таълиму тарбияи дуруст ва дар шароити мусоид ба камол расидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тасвиб расонид ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт.

Сипас, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Насим Ҳоҷизода паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди байналмилалии кӯдакон қироат намуда, иброз дошт, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар тамоми қаламрави вилоят марказҳои таълимиву варзишӣ ва солимгардонӣ барои кӯдакон амал мекунад. Бояд тамоми кӯдакон аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри гирифтани дониш ва тарбияи хуб кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба кӯдакон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кӯдакони маъюб, ятиму бепарастор, инчунин ба тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ туҳфаҳои идона тақдим гардид. Кӯдакон дар зери суруду оҳангҳое, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дар васфи Ватану Модар сароида шуданд, хушҳолӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо, ҳамчун ба пояи асосии ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода  мешавад. Дар Тоҷикистон баҳри ҳимоя ва ҳифзи кӯдакон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» амал мекунад, ки ин ғамхории махсуси давлат нисбат ба кӯдакон ва ояндаи онҳо мебошад. Ҳамасола ба ин муносибат чорабиниҳои идона дар сар то сари кишвар баргузор гардида, ҳамчунин кӯдаконе, ки бо ҳукми тақдир маъюбу барҷомонда ҳастанд, аёдат карда мешаванд.