ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОНИ МИЛИТСИЯ

0
50

Санаи 30-уми майи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи бинои ШВКДи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад сардори ШВКД-и ноҳия, подполковники милитсия Қосим Насимзода, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони корҳои дохилӣ ширкат доштанд. Нахуст Қосим Насимзода ба сухан баромада, собиқадоронро ба муносибати 30-солагии таъсиёбии Шӯрои собиқадорони корҳои дохилӣ табрик намуд. Номбурда зимни суханронӣ аз садоқату ҷоннисориҳои кормандони корҳои дохилӣ баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки кормандони корҳои дохилӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар иҷрои рисолати хеш сарбаландона гузаштаву то ба имрӯз дар вазифаи ба дӯшдоштаашон содиқона кор карда истодаанд. Кормандони ин ниҳод дар солҳои ҷанги дохилӣ далериву ҷоннисориҳои зиёд кардаанд ва ҳатто ҳангоми иҷрои рисолати хеш ба хотири суботу оромии мамлакат ҷони худро нисор кардаанд.

Имрӯз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фаъолияти пурсамар ба тамоми Раёсату шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру навоҳии мамлакат шароити арзандаи корӣ фароҳам овардаанд. Илова бар ин, ба хотири эҳтиром ва қадрдонӣ ба заҳмату машаққати кормандони соҳа, бахусус собиқадорон пайваста дастгириву ғамхориҳо зоҳир карда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин дидор собиқадорон низ суханронӣ намуда, аз таҷрибаву фаъолияти пурсамари хеш, ҷиҳати ташаккул ва нуфузи милитсия  ба ҳайати шахсии ШВКД-и ноҳия ибрози назар карда, инчунин бобати дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба собиқадорони соҳа  изҳори сипос намуданд.

Дар охир Насимзода Қосим ба собиқадорон ҷиҳати фаъолияти хуби корияшон дар мақомоти милитсия изҳори сипос намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамкорияшонро бо кормандони мақомоти милитсия боз ҳам наздик намуда, ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавони мақомоти милитсия, оиди пешгирӣ аз содиршавии ҳама гуна ҷиноятҳо дар ҷамъият, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат бетараф набошанд.