ТАҚДИМИ СИПОСНОМА ДАР ИҶРОИ РИСОЛАТ

0
6

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Дар матни сипоснома Вазири мудофиаи кишвар, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бобати иҷрои саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ ба Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, ҳайати комиссияи нақшаи даъват ва кулли кормандоне, ки дар иҷрои саривақтии нақшаи даъват саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намудааст.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамасола дар иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиддан корбарӣ намуда, пеш аз муҳлат нақшаи даъватро ба иҷро мерасонад. Имсол ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат аз ҷумла, дар миёни 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дуюмин шуда ба иҷро расонид.