ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Рӯзи 28-уми майи соли 2022 дар қисми ҳарбии 0229-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, роҳбарони сохторҳои қурдратии ноҳия, масъулин ва афсарону сарбозони қисми низомӣ иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳия ба сухан баромада, афсарону сарбозони қисми ҳарбиро ба муносибати 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон табрик намуда, амнияти миллату давлат ва ҳифзи якпорчагии онро аз ҳимояи сарҳадоти давлатӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, аз ҷоннисориву садоқатмандии афсарону сарбозони ин ниҳод дар ҳифзи марзу буми Ватан ёдовар шуда, зикр намуд, ки “Қӯшунҳои сарҳадӣ зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, расо 28 сол пеш бо вуҷуди шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, бо мурури замон ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа рушд ёфта, имрӯз ин ҷузъи муҳими Артиши миллӣ сарҳади давлатиро ба тамоми ҳастӣ ҳифз намуда истодааст”, иброз дошт Раиси ноҳия.
Пас аз суханронӣ бахшида ба 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси ноҳия чанде аз афсарону сарбозони қисми низомӣ барои хизматҳои шоён ва намунавияшон бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои ҷолиб чорабиниро гуворо намуданд.