БУНЁДИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ПАЛДОРАК

0
4

Санаи 25-уми майи соли равон Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Палдораки Ҷамоати Лангар оғоз бахшид.

Зимни гузоштани санги асос ва оғоз бахшидани корҳои сохтмонии бунгоҳи тиббӣ Раиси ноҳия ва пиру барнои деҳаи Палдорак ширкат намуданд. Хайрулло Бобозода иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат дар асоси амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар асоси амру дастурҳои роҳбарияти олии мамлакат, мувофиқи имконият нақшаи корҳои ободониро таҳия карда, дар асоси он кор идома дорад. Ин иншооти тиббӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ буда, бо мақсади беҳтар ва дастрас гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тарҳи замонавӣ бунёд мешавад.

Бояд гуфт, ки дар деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангар то кунун бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надошт. Мардуми ин русто аз хизматрасонии тиббӣ танқисӣ доштанд. Бо мурури замон ва даст додани имконият бунгоҳи тиббӣ деҳаи Палдорак иборат аз 6 ҳуҷра бо тарҳу сохти замонавӣ аз ҳисоби МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохта мешавад. Айни замон дар ноҳия 12 бунгоҳи тиббӣ амал мекунад, ки бо сохта ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Палдорак шумораи онҳо ба 13 адад хоҳад расид.