Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони иззатманд!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама нерӯи қавӣ, саломатию сарбаландӣ, бахту саодат ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ҳисобида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудаанд.
Гузашта аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу пойдории Истиқлоли миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро бо иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш менамояд, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ ба ҷавонон чунин иброз менамоянд: «Ман ба ҷавонони Тоҷикистон рӯ меорам. Ояндаи кишварамон комилан ба таҳсил, дониш андӯхтан, меҳнати ҳалолу ахлоқи ҳамидаи шумо вобаста аст, дар ин роҳ ҳисси ватандӯстӣ, шарафу номуси миллии шумо бояд дар мадди аввал бошад”.
Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад, зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз шумо, насли ояндасози кишвар умеди калон дорем.
Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ сол аз сол тақвият меёбад. Қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони Истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош менамоянд.
Рушди варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: «Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад», «Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем».
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ҷавонони иззатманд терроризм ва экстремизм муаммои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Имрӯзҳо зиёда аз сад давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои экстремистӣ қарор гирифтаанду боиси ҳалокати муҳоҷирони сарсони садҳо ҳазор мардуми осоишта шудааст, ягон узви ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад.
Ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо таҳсили намунавӣ соҳиби илму маърифат гардида, ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонанд.
Имрӯзҳо дар сохторҳои идоракунии давлатӣ ҷавонони ноҳия фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин давра шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 7311 нафарро ташкил дода, аз инҳо 3675 нафар писарон мебошанд. Масъулони соҳа пайваста дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд. Ҷавонони мо дар мусобиқаҳои варзишии дохилию берунӣ иштироки фаъолона намуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил мегарданд.
Соли равон барои сокинони кишвари маҳбубамон соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро мо имсол 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози миллати худро ҷашн мегирем.
Дар қатори сокинони дигар кишварҳо моро зарур аст, ки дар ин самт баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебо намудани ноҳияамон аз ҳарвақта дида бештар талошу заҳмат намуда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошем.
Дар охир бори дигар ба ҳамаи ҷавонони бонангу номус ва кулли мардуми шарифи ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, азму иродаи қавиро орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонон муборак, ҳамдиёрони азиз!