Шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд

0
3

Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд яке паси ҳам аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ гузориш дода истодаанд.
Нахустин шуда нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон иҷро гардид.
Сипас ноҳияи Шаҳристон ва баъдан ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ аз иҷрои нақша гузориш доданд.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан ҷараён дошта, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ изҳори омодагӣ менамоянд.
Бояд таъкид кард, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмат моҳҳои апрел ва май идома ёфта, вилояти Суғд ҳар сол пеш аз мӯҳлат нақшаи пешбинишударо иҷро мекунад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд