Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

0
18

26 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъкид кард, ки сокинони меҳнатдўсти ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ имрўзҳо чун кулли мардуми вилоят дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ, Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилоят иброз доштанд, меҳнат намуда, баҳри бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни таърихии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу талоши комил доранд.
Дастовардҳои мардуми ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ басо шоиста буда, бахусус ба истиқболи ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдому тадбирҳои муҳими созандагиву ободонӣ амалӣ гардиданд. Чунончӣ, давоми солҳои 2018 – 2021 дар қаламрави ноҳия 108 иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардид, ки ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии сокинони он мусоидат намуд.
Ноҳия яке аз минтақаҳои кишоварзии вилоят маҳсуб меёбад ва мардуми ин диёр барои амалӣ гардидани Барномаҳои давлатӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бахусус дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ сарбаландона меҳнат менамоянд.
Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва нақлиёту алоқа, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар ин давра рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам бояд роҳбарияти ноҳия ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта кўшиш намоянд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулон барои истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи кишти картошка, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд