Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ кишти картошка идома дорад

0
65

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Шариф Ҳасан» шинос гардид.
Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар ин самт ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, бахусус дар таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат захираву имкониятҳои фаровон дорад.
Тибқи нақша соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 2800 гектар кишти картошка гузаронида, ният доранд, ки истеҳсоли онро ба 100 ҳазор тонна расонанд. Алҳол кишти картошка дар ноҳия оғоз гардида, то ин дам дар майдони беш аз 400 гектар кишт гузаронида шудааст.
Раиси вилоят ба кишоварзон ва роҳбарияти ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти картошка ва истифодаи самараноки ҳар порча замин тавсияҳо дод. Қайд карда шуд, ки дар шароити куҳсор бояд ҳар як ваҷам замин пурсамар истифода бурда шуда, маҳсулоти зарурӣ рӯёнида шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд