Боздид аз боғи навбунёди зардолу ва чормағз дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

0
6

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз минтақаҳои кишоварзии вилоят маҳсуб ёфта, мардуми ин диёр барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди боғҳои гуногун сарбаландона меҳнат менамоянд.
Чуноне аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаи Оббурдони ноҳия маълумот дода шуд, бо ташаббуси соҳибкор Ҳикматулло Бобоев дар талу теппаҳо дар масоҳати як гектар боғи нав бунёд гардида истодааст. Дар боғи нав ниҳолҳои зардолуву чормағз ва себ шинонида шуда, барои бунёди боғ ниҳолҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулин дар ин минтақа талу теппаҳо зиёданд ва тасмим гирифта шуд, ки марҳила ба марҳила то 35 гектар боғҳои нав бунёд карда шавад.
Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорро истиқбол намуда, ҷиҳати дар оянда низ ташкил намудани боғ, истифодаи самраноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд