Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

0
2

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки рӯзҳои 25 ва 26 апрел ҷараён гирифт, собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят нахуст ба манзили сокини деҳаи Оббурдони ноҳия Шарифа Домуллоева ташриф оварда, дар суҳбат бо ӯ иброз дошт, ки меҳнати фидокорона ва хизматҳои шоистаи собиқадорон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат қадр карда мешавад.
Дар идома Раиси вилоят аз ҳоли Халифа Одинаев — сокини деҳаи Эзис, Файзулло Холов — сокини деҳаи Лангар, Нормаҳмад Шоев — сокини деҳаи Мадрушкати ноҳия хабар гирифт. Халифа Одинаев иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буда, барои хизматҳои арзандааш бо як қатор медалу мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.
Файзулло Холов беш аз 40 сол дар соҳаи маориф кор карда, умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.
Нормаҳмад Шоев бошад собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои зиёд дар ин соҳа фаъолият бурдааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорони ҷангу меҳнат аз хизматҳои шоёни онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки фаъолияти назаррасу мондагори чунин шахсиятҳо намунаи ибрат ба насли ҷавон аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд