Вохӯрии бо сокинони кӯҳистон

0
5

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ Точикистон Юсуфзода Абдҷаббор ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф овард.
Бо мақсади иҷрои амру дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30-марти соли ҷорӣ дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, тибқи амри Президенти кишвар ва нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ҷиҳати расонидани муҳтавои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ субҳи имрӯз (05.04.2022) Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ Точикистон Юсуфзода Абдуҷаббор ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф овард.
Номбурда дар ин рӯз ҳамроҳ бо Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло бо сокинони ҷамоати деҳоти Лангар вохӯриҳо доир намуда, дар ин дидор тибқи нақша дар байни аҳолӣ доир ба Паёми Президент, дастурҳои Роҳбари давлат дар Маҷлиси ҳукумат, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ дар ин самт, корҳои ободониву созандагӣ, сатҳу сифати иншоотҳои бунёдшаванда, кишти картошка сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ , вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар ҷамоату деҳот, вазъи рӯзгори мардум ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти имрӯза ибрози назар карда шуд. Чунин вохӯриҳо бо сокинони дурдасти ноҳия низ сурат гирифт. Қарораст, ки бадиндимнвол вохӯрии дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик низ гузаронида шавад.