БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ СОҲИБИ МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ МУОСИР ШУД

0
49

Санаи 4-уми апрели соли 2022 ба хотири беҳтару хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии Кӯҳистони Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид.

Ин мошин сохти давлати Ҷопон буда, дар дохилаш тамоми дастгоҳҳои шӯъбаи эҳёгариро доро буда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббиро низ дорад. Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказӣ тақдим гардидааст.Тавре дар суҳбат сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Солеҳова Меҳринисо гуфт, ин дастгириҳои Вазорати тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳия пешбинӣ шуда, кори табибонро хеле осон мегардонад.
“Мо табибони ноҳия хеле хушнудем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар, хусусан хизматрасонии тиббӣ рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Имрӯз ба беморхонаи мо як мошини ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар тақдим гардид, ки акнун кори табибон ва беморонро бисёр осон мекунад. Мо табибони ноҳия, барои ин амали нек ба раиси ноҳия муҳтарам Бобозода Хайрулло ва вазири тандурустӣ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгириҳояшон сипосу миннатдории худро баён медорем”,- иброз дошт сартабиби ноҳия Солеҳова Меҳринисо
Соҳаи тандурустӣ аз зумраи соҳаҳои муҳиму аввалиндараҷа дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маҳз ҳамин ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки ин соҳа рушд карда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи марказии ноҳия дорои 5-шуъба буда, ин шуъбаҳо ба таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин мебошанд. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ пайваста дастгириҳо шуда истодааст ба хусус соли 2021 бо дастгирии вазорат бо маблағи беш аз як миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ба ноҳия ворид карда шуд.