Гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

0
18

Санаи 31-марти соли 2022 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гуруҳ ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намуданд.Маросими гусели наваскарон дар назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия сурат гирифт.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмати ҳарбиро мактаби бузурги мардонагӣ хонда зикр намуд, ки- нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат мебошад. Хушбахтона имрӯзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми ватан ҷавонони ғаюр ва бо нангу номуси ноҳия адои хизмат карда истодаанд. Мо низ ифтихор аз он мекунем, ки сол аз сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ дар байни ҷавонони ноҳия зиёд шуда истодааст. Раиси ноҳия ҳамчунин аз падару модароне, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба таври ихтиёрӣ аз аввалинҳо шуда ба хизмати ҳарбӣ фиристонидаанд, ба хусус аз як модар Норова Хосият сокини деҳаи Ғузн, ки фарзанди худро довталабона барои ба хизмати ҳарбӣ равон кард, изҳори миннатдорӣ намуда, амали чунин модарон ва онҳоеро ки ба таври ихтиёри ҳозир шуданд, шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои дигарон хонд. Ҳамчунин ба наваскарон тӯҳфаҳо тақдим намуд. Ҳамасола ҳастанд волидоне, ки фарзанди хешро ба таври ихтиёрӣ барои хизмати ҳарбӣ гусел менамоянд, аммо дар даъвати баҳории имсол ихтиёран гусели як наваскар аз ҷониби модар шоистаи таҳсин гардид. Ин ҳам бошад Нурова Хосият модари даъватшаванда Садиров Исфандиёр деҳаи Ғузн. Номбурда дар суҳбат ба «Паёми Кӯҳистон» гуфт ки: модари 5- фарзанд мебошам соли 2004 шавҳарам оламро тарк кард ва аз он сол инҷониб панҷ фарзандро бепадар ба воя расонидам. Мехоҳам писарам рафта барои модар ватан софдилона хизмат кунад. Мо қонунро итоат мекунем ва шукронаи тинҷию оромии ватан мекунем иброз дошт Нурова Хосият. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ноҳияҳоест, ки ҳама сола аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро ба иҷро мерасонад.
Мувофиқи маълумотҳо дар ноҳия шумораи ҷавонон беш аз 10-ҳазор нафар буда аз ин шумора зиёда аз 5 ҳазор нафарашро писарон ташкил медиҳанд.