ТУҲФАҲОИ ИДОНАИ РАИСИ НОҲИЯ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

0
28

Дар арафаи омад-омади иди  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло 15-феврали соли 2022 ба аёдати хонандагони мактаб-интернати ноҳия рафт. Зимни вохӯри бо ин дуструякон нахуст Раиси ноҳия онҳоро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Ҳангоми суханрони Бобозода Хайрулло аз шароити будубош ва раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат низ пурсон шуда, таъкид кард, ки –Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар асоси амру дастурҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Шумо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Ҳамакнун дар ин росто вазифаи шумо дустрӯякони азиз танҳо бо баҳои хубу аъло хондану  дар оянда барои халқу ватани худ содиқона хизмат кардан мебошад гуфт мавсуф.

Ҳамчунин дар остонаи ин санаи муҳими таърихӣ яъне: 29-умин солгарди  таъсисёбии Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба таълимгирандагони мактаб-парваришгоҳ туҳфаҳои идона аз қибили пояфзол тақдим намуд. Аз ин  иқдоми идонаи Раиси ноҳия хонандагон басо хушҳол шуда ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу ватани хеш хизмат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки айниҳол дар ин боргоҳи маърифат  41-нафар хонанда аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 11-нафар омузгор аз ҷумла 3-зан дарс мегӯянд. Мактаб-интернат дар ҳудуди ноҳия ягона буда, аз соли 2008-инҷониб кору фаъолият менамояд.

Бурҳони Сонӣ,

«Паёми Кӯҳистон»