ОМОДАГИҲО БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

0
41

Санаи 7-уми феврали соли 2022 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло машварати васеъ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 20-январи соли 2022 дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати мамлакат бо натиҷагири аз ҳисоботи Раисони шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори машварат муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоту деҳот, имомхатибон ва фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст аз ҷониби Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз ҷумла омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои нақшаҳои Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, ки барои солҳои 2020-2025 пешбини шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти машварат Раиси ноҳия ба ҳозирин ибоз дошт ,ки дар дар маҷлиси васеи ҳукумати мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз барраси фаъолияти солонаи ҳукумати мамлакат, ба масъулини ҳукумати ҷумҳури, раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба масъалаҳои андешидани тадбирҳои ободонию созандагӣ, ҷамъоварии пурраи қарзи андозҳо, тақвияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷиҳати духти либосҳои мактабӣ, таъмини аҳоли ба ҷойи кор, додани грантҳои Президентӣ ба бонувони хонашин ва ҷалби онҳо ба ҳунармандӣ, самаранок истифода бурдани неруи барқ, рушди соҳаи моҳипарварӣ, бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва дигар масъалаҳои марбут ба некуаҳволии мардум дастуру супоришҳо мушаххас доданд.
Сипас масъалаи давъати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди барраси кашида шуд. Дар ин бобати тибқи нақшаи вобастакунии масъулини МИҲД-и ноҳия бобати иҷрои нақшаи даъват низ тасдиқ карда шудааст. Раиси ноҳия ба кормандони комиссариати ҳарбӣ ва масъулини мақомоти иҷроия дастур дод, ки дар ҳамбастагӣ дар асоси нақшаи мазкур, корбарӣ намуда, дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват иҷро карда шавад. Ҳамчунин масъалаи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барраси гардида, оиди иҷрои он аз ҷониби Раиси ноҳия дастуру маслиҳатҳо дода шуд. Дар охир Раиси ноҳия ба масъулину фаъолон, ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ , инчунин супоришҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд пурра ва дар амал иҷро карда шаванд. Ҳамчунин бобати иҷрои саривақтии нақшаи даъват, иҷрои масъулиятҳои бадуштошта, тадбирҳо ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози 35-солагии Истиқлолият, таъмири роҳҳои автомобиград, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайридинӣ, таъминоти аҳоли ба оби нушокӣ, ташвиқ ва роҳнамоии аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳо дода шуд.
Саидвоҳиди Қосим