Кӯҳистони Мастчоҳ: нишасти матбуоти доир шуд

0
74

Рӯзи 3-юми феврали соли 2022 дар Кӯҳистони Мастчоҳ нишасти хабарии Раиси ноҳия доир гардид. Нишасти хабари дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, рӯзноманигорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия шуда гузашт.

Дар оғози нишасти хабари нахуст Раиси ноҳия доир ба фаъолияти мақомоти иҷроия, дар давоми соли 2021 ҳисобот дод. Зимни суханрони номбурда қайд кард, ки – Давоми соли 2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар асоси амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда омад. Ҳамчунин соли 2021 барои миллати тоҷик соли фараҳбахшу таърихи буд. Зеро, дар ин сол мардуми шарифи кишвар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Ба ҳамагон маълумаст ки ба истиқболи ин санаи таърихи дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагии зиёде сурат гирифт. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба истиқболи ин санаи таърихи сохтмони 108 иншооти таъиноташ гуногунро ба нақша гирифта  дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолият нақшаи корҳои ободонию созандагиро ба анҷом расонид гуфт Бобозода Хайрулло.

Дар идомаи суҳбат дори ба рушди саноат, дастгирии занон ватаъмини онҳо ба ҷойи кор- пешгирии хушунатҳои оилавӣ, нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кашидани хатти баландшиддати барқ 14-деҳаҳои ҷамоати Лангар, инчунин кашидани хатти баландшиддати барқ ба деҳаҳои Арнохуну Сурхкати ҷамоати Иван-Тоҷик, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзи ба хусус картошка, обёрии заминҳои бекорхобида ва ба гардиши кишоварзи даровардани онҳо, тақвияти корҳои созандагӣ дар асоси Барномаи рушди иқтисоди иҷтимоии ноҳия барои соли 2020-2025, таҳияи нақшачорабиниҳои созандагӣ бароисазовор истиқбол намудани 35-солаги истиқлолият дар асоси амри Президети мамлакат, рушди соҳаи маориф- сохтани муассисаҳои томактабӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафту инкишофи ноҳия ибрози назар кард. Сипас Рӯзноманигорон   саволҳои мавриди назари худро пешниҳод намуда, аз ҷониби Раиси ноҳия ва масъулини дахлдор посухҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                     Саидвоҳиди Қосим