ФУРОМАДАНИ КӮҲПОРА БА АҲОЛӢ ВА РОҲУ ПУЛҲО ТАҲДИД МЕКУНАД

0
69

Шуруъ аз 15-январи соли 2022 дар мавзеи Сари Яхчии деҳаи Дашти Оббурдони ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кандашавии кӯҳпора ва фаромадани ҷинсҳои кӯҳӣ мушоҳида мешавад.
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 2-юми феврали соли 2022 Сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина ба ноҳия ташриф оварда аз мавзеи офатзада дидан кард. Зимни боздид гуфта шуд, ки пеши роҳи кандашавии кӯҳпора ва фаромадани ҷинҳои кӯҳи ба таври табии ба вуқуъ омада истодааст. Аз ин ҳодисаи табии ҷилавгири кардан душвораст, аз сокинони атрофи мавзеи офтазада даъват кард, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Тибқи иттилои Бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар ноҳия — кандашавии кӯҳпора ва фуромадани ҷинсҳои кӯҳӣ дар Сари Яхчии деҳаи Дашти Оббурдони ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз моҳи октябри соли 2021 шуруъ шуда буд. Ҳамчунин санаи 15-январи соли 2022 кандашвии кӯҳпора бошиддат сурат гирифт. Дар натиҷа 150 метр роҳи маҳаллӣ, 400 метр ҷуйбор, ки воситаи ин ҷуй беш аз 70 гегтар замин обёри мешуд зарар дида, инчунин 3-оила дар ҳолати хатар қарор доданд. Ҳамчунин кандашавии кӯҳпора ва фуромадани ҷинсҳои кӯҳӣ ба дарёи Зарафшон сарозер шуда, маҷрои обро гирифтааст. Дар натиҷа алъон сатҳи оби ҷамъшуда 100 ҳазор М3 ташкил дода, ба 70-метр лулаи обгузарӣ қутраш 320 мм, 2 келометр роҳи мошингард ва 1 адад купрук дар болои дарёи Зарафшон таҳтид мекунад. Ҷоришавии маҷрои об дар ин мавзеъ суст буда, баландшавии сатҳи об наздик ба 10 метр расидааст.
Мавриди зикраст, ки купруки болои дарёи Зарафшон роҳи ягонаи сокинони деҳаҳои Дашт, Ғувинд, Ронҷ, Имбеф ва Андарвашро ба деҳаи бузурги Оббурдон мепайвандад. Айниҳол дар деҳаҳои мазкур 356-хоҷаги бо шумораи 2029-нафар аҳолӣ ба сар мебаранд.

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»