ПАЁМ- ҲУҶҶАТ ВА РОҲНАМО

0
32

Дирӯз (01.02.2022) тибқи нақшаи тасдиқнамудаи МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар чанд деҳаҳои ғузндараи ҷамоати Иван-тоҷик ба аҳоли ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 21-декабри соли 2021 ироа гардид суҳбату вохуриҳо доир карда шуд. Ин вохуриҳо дар деҳаҳои Пит, Рвоск ва Ғузн бо иштироки Аҳмадзода Ҳотам роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Ниёззода Маҳмадносир мудири бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳия ва мудири шуъбаи маориф Салимов Сафар сурат гирифтанд.
Дар вохуриҳо гуфта шуд, ки Паёми Президент ҳуҷҷат ва раҳнамои фаъолият барои тамоми ҷомеаи кишвар мебошад. Дар Паёми имсола ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, тамоми бурду бохти ҳукумати мамлакат ва нақшаю тадбирҳо барои фаъолияти баъди баён карда шуд. Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, саноат, некуаҳволии мардум аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри рушди рушди соҳаҳои мазкур дастурҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла солҳои 2022-2026″Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Ҳамчунин баҳри истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлати дастуру супоришҳо дода шуд. Дар идомаи масъалаи муҳоҷирати дохилӣ ба барраси кашида шуда, масъулин таъкид карданд, ки нафароне, ки ҳамчун муҳоҷири дохили ихтиёри дар дигар ноҳияҳои қабулкунанда соҳиби замини наздиҳавлиги гардидаанд зудтар ба бунёди манзил дар онҷо шуруъ намоянд, дар сурати таъхир тибқи қонун замин гирифта мешавад. Инчунин дар ин ҷаласа дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷират барраси карда шуданд. Дар ҳама давру замон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро аз зумраи соҳаи афзалиятнок дониста баҳри рушди соҳа пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд.Ин масъала яъне рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи фарзанд низ дар вохури бо сокинону фаъолони деҳа ба барраси кашида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши фарзандон, аҳамият дар таълиму тарбия, сохтани муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф низ барраси карда шуданд. Дар охир миёни масъулин ва иштирокчиёни ҷиҳати дар амал татбиқнамудани амру дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақвияти корҳои созандагию ободони ба хотири фардои дурахшон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Саидвоҳиди Қосим