РАИСИ НОҲИЯ СОКИНОНИ ДЕҲАИ ПИТРО АЁДАТ НАМУД

0
17

Рӯзи 1-уми феврали соли 2022 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба деҳаи Пит рафта аз ҳолу аҳволи мардум хабар гирифт. Зимни вохури Раиси ноҳия ба сокинон гуфт, дар асоси амру дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилоят, ҷиҳати ба ҷойи бехавф кучонидани аҳолӣ, ба сокинони деҳаи Пит ҳамчун муҳоҷири экологӣ дар ноҳияи Зафаробод замини наздиҳавлиги пешбини карда шудааст. Инак фасли баҳор наздик шуда истодааст. Ҳарчи зудтар ба ноҳияи Зафаробод рафта ба манзилпуши шуруъ намоед. Зеро, ҳамасола дар фасли баҳор дар ноҳия боришоти борон бештар мешавад.

Макони ҷойгиршавии деҳаи Пит аз ҷиҳати офатҳои табии сахт осебпазир мебошад гуфт Бобозода Хайрулло. Дар ин дидор кормандони Бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳия ва дигар шахсони масъул низ ширкат доштанд. Раиси ноҳия ба шахсони масъул таъкид кард, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар барои кучонидани аҳолии аз зери хавфи офатҳои табии қарор дошта тадбирҳои заруриро роҳандози намоянд. Ҳамчунин аснои вохури бо сокинони деҳаи Пит, ҷиҳати иҷрои амру дастурҳои Роҳбари давлат дар самти дастгирии ниёзмандон, Раиси ноҳия ба чанде аз сокинони деҳаи Пит кумаки яквақтаина аз қабили орд, равған ва дигар анвои хӯрока дастрас намуд.
Бояд гуфт, ки деҳаи Пит яке аз деҳаҳои хурди Ғузндараи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳия буда, дар он наздик ба 14 оила ба сар мебаранд ва аз ҷиҳати хавфи офатҳои табии осебпазир мебошад. Ҳамасола ба арасари боришоти борону омадани сел ин деҳа хисороти зиёд мебинад. Санаи 19 июли соли 2021 боришоти бошиддани борон ва омадани сел боиси хароб гардидани роҳу пулҳо ва манзиҳои истиқомати дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоати Иван-тоҷик гашт, ки аз ҳама бештар деҳаи Пит зарар дида буд. Ҳамин буд, ки вазири он вақтаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ноҳия ташриф оварда аз минтақаҳои зарардида аз офати табии ба хусус деҳаи Пит дидан карда, ҷиҳати ба ҷойи бехавф кучонидани аҳолии зери хавфи офатҳои табии қарор дошта дастуру маслиҳатҳо дода буд. Баҳри ба ҷойи амну бехавф кучонидани аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳанӯз дар соли 2020 тадбири зарури роҳандози гардид. Тибқи иттилои бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар асоси- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 №648 «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» дар ноҳия 100-оила ҳамчун муҳоҷири экологӣ ба қайд гирифта шуда, давоми соли 2021, 41-нафари онҳо аз ҷумла деҳаи Пит ба пурраги дар ноҳияи Зафаробод ба замини наздиҳавлиги таъмин гардида, боқимонда тибқи қарори мазкур дар солҳои баъди ба замини наздиҳавлиги таъмин карда мешаванд.

Саидвоҳиди Қосим