Таҷлили иди Сада дар Кӯҳистони Мастчоҳ

0
39

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чун дигар сокинони манотиқи кишвар Иди Садаро бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил намуданд.  Сада яке аз ҷашнҳои бостони миллати тоҷик мебошад, ки ҳамасола панҷоҳ шабу рӯз пеш аз омадани Наврӯз таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 27-январи соли 2022 дар деҳаи Ревомутк ҷамъомади идона бо пешниҳод ва ба маърази тамошо гузоштани маҳсули дастранҷи деҳқонон, маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои дастидӯзию кандакории ҳунармандони ноҳия, асбобу олотҳои меҳнат, инчунин хурокҳои миллӣ,ки  хоси ҳамин минтақа маҳсуб мебошанд доир гардид. Дар ин чорабинии идона Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, масъулин ва пиру барнои ноҳия гирди ҳам омада аз дастранҷи деҳқонон ва намоиши ҳунарҳои дастӣ дидан карда, ба маҳсули ҳунарҳои дастии  деҳқонон баҳои баланд доданд. Чорабинии идона бо барафрухтани гулхани рамзи оғоз шуд.

Нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада сокинони ноҳияро ба муносибати Иди Сада табрик намуд. Бобозода Хайрулло  бо ёдовари аз таърихи таҷлили ҷашни Сада иброз намуд, ки- Иди  Сада ҳамчун ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи ниҳолшинони тайёри ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Сипас   Дар арафаи таҷлили Иди  Сада, Раиси ноҳия чанде аз собиқадорони меҳнатро барои хизмати софдилонаву поквиҷдона ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву бунёдкорӣ  бо туҳфаҳо сарфароз гардонид.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши Фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии омоданамудаи худ баромад намуда хотири иштирокчиёни чорабиниро шод намуданд. Ҳамчунин дар арфаи таҷлили Иди бостонии Сада Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло чанде аз пирону барҷомондагонро дар манзилашон аёдат намуда ба онҳо кумаки яквақтаина дастрас намуд.  Мавриди зикраст, ки ниёгони мо Садаро сад рӯз пеш аз Наврӯз ба хотири омодаги ба кишту кори баҳорӣ, таҷлили менамуданд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳои кӯҳии мамлакат мебошад, ки сокинони он бо кишоварзӣ ба хусус бо картошкапарварӣ, рӯзгори худро пеш мебаранд. Тибқи иттилоъи бахши кишоварзии ноҳия соли 2021 заҳматкашони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 100 ҳазор тонна картошка, инчунин 1132 тонна ғалладогиҳо истеҳсол намуданд.

    Саидвоҳиди ҚОСИМ