КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ КОМИССИЯИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА БАРГУЗОР ШУД

0
6

Санаи 13-декабри соли 2021 дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид ба ҳолатҳои фавқулодда  таҳти раёсати Раиси комиссияи ноҳиявӣ Бобозода Хайрулло баргузор гардид.

Дар ҷаласа 4- масъала аз ҷумла: ҳисоботи комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 № 648 «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023»,  таҳлили  рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 3-майи соли 2021 №117 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», инчунин нақшаҳо барои соли 2022 барраси карда шуданд.

Нахуст сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждани, муовини Раиси Комиссияи ноҳиявӣ Қозизода Исматулло оид ба фаъолияти Комиссия ҳудудии МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми соли 2021 ҳисобот дод. Номбурда ҳангоми ироаи ҳисобот зикр кард, ки давоми соли ҷори дар ҳудуди ноҳия  ду ҳолати фавқулодаи хусусияти табии дошта ба қайд гирифта шуд. Яке аз ин ҳодисаҳо  санаи 19-июли соли 2021 рух дод, ки  барасари боришоти зиёди борон ва борону фаромадани сел, хонаҳои истиқомати ва роҳу пулҳои чанде аз деҳаҳои ҷамоати Иван-Тоҷик аз ҷумла деҳаи Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав, Ғурфкат ва Арнохуну Сурхкат зарар диданд. Ҳаҷми зарари расида 2 млн. 233 555 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҳодисаи дигар санаи 25-июли соли 2021 барасари баланд гардидани сатҳи оби сойи деҳаи Водифи ҷамоати Лангар купруки мошингузар ва ҷуйбори обёри заминҳои кишоварзии деҳаи мазкур зарар диданд ва хисроти офат ба 89500 сомонӣ  баробар мебошад. Инчунин таъкид кард, ки нобҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияи куҳсор ва аз ҷиҳати хавфи офатҳои табии осебпазир мебошад ва фаъолтяти Комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар соли ҷори хуб буда, баҳри бартараф намудани ҳамагуна офату ҳолатҳои фавқулодаи баамаломада мувофиқи имконият кору фаъолият намуданд гуфт Қозизода Исматулло. Дар рафти ҷаласаи мазкур мудири бахши иқтисод ва саидои ноҳия Ҷаҳоншер Саидов оиди иҷрои қарори Раиси ноҳия дар бораи омодагии ташкилоту муассисаҳо ба зимистонгузаронӣ, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ниёззода Маҳмадносир оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони экологӣ ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки тибқи нақша ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои зимистонгузарони маводи сухтро пурра захира кардаанд ва дар ин бора камбуди вуҷуд надоранд. Инчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 №648 «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» дар ноҳия 100-оила ҳамчун муҳоҷири экологи ба қайд гирифта шудааст ва дар давоми соли 2021,  41-нафари онҳо  дар ноҳияи Зафаробод ба замини наздиҳавлиги таъмин гардида, боқимонда тибқи қарори мазкур дар солҳои баъди ба замини наздиҳавлиги таъмин карда мешаванд.

Дар охир Раиси комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханрони намуда,  оиди иҷрои амру дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда,  ҷоннок намудани  кори комиссияи ҳудуди, татбиқи Стратегияи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2020-2030, саривақт таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ ба замини наздиҳавлиги ва кучонидани онҳо, пурра гардонидани захираҳои моддӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Саидвоҳиди Қосим