ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ
Ҳамасола дар кишвар санаи 7-уми декабр ҳамчун Рӯзи коромандони молия ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кормандони мақомоти молияи ноҳия ва собиқадорони соҳаро табрику муборакбод намуда, барояшон бахту саодат, тансиҳатӣ, ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Рушди низоми молиявӣ аз меҳвари асосии сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ баҳри муваффақона ноил шудан ба ҳадафи асосии давлат таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ноҳия вобастагии калидӣ дорад. Баланд бардоштани музди меҳнати соҳаи буҷетӣ, нафақа, дастгирии маъюбону ниёзмандон то рафт паст гардидани сатҳи камбизоатӣ нишонаи бо муваффақият амалӣ гардидани сиёсати молиявӣ мебошад.
Таваҷҷӯҳу эътибори ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи молия назаррас буда, сол аз сол иди касбии кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки самараноку сарфакорона истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ба манфиати кор буда, баҳри рушду нумуи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд.
Имсол таҷлили рӯзи кормандони мақомоти молия ба яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Мавриди зикр аст, ки дар бунёди иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет ва дар иҷрои нақшаи сохтмону иншоотҳои ҷашнӣ саҳми кормандони мақомоти молия назаррас мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандон ва собиқадорони Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, дар кору фаъолияти минбаъда ба Шумо барору комёбиҳои беназирро таманно дорам.