ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
87

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо камоли ифтихор кулли сокинони шарафманди ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳими давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегуям.

Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд.

Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, имсол ба ин санаи муҳим 12 — сол пур мешавад. Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳими  арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳия нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ ин нишонаи эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқубунёд аст.  Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишонаи муқаддас мебошад.

Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадим маҳз Парчам мебошад. Дар таърихи қадимии рамзҳо Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, Парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Шоҳ Фаридун Парчами худро ба сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро Дирафши ковиёнӣ номид.

Парчами миллии мо рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат дониста мешавад.

Имрӯз  Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Мо бояд аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати бебаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва  нақшу эътиборашро ба фарзандони худ талқин намоем.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва ҳуввияти миллӣ, ҳамзамон беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад.

Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Яъне бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба ин рӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.

Хушбахтона баъди сад солаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ — рамзи давлатӣ мустақилу соҳибихтиёр гардид. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ба рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст бо ташаббус ва ҳидоятҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 2009 аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст, зеро таҳти ин дирафш аҷдоди ин миллати арҷуманд садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд.

Аз ин хотир Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробарии дигар рамзҳои миллиамон азизу гироми ва муқаддас бошад. Ҳар як давлати мустақилу соҳиихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Эҳтироми Парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи ба ҳам оиву ваҳдатофарӣ  маҳсуб мешавад.

Аз файзи Истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболи истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарасти ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёди фарҳангии мо буда, волотарин мақсади мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи орзӯву ормонҳои чандинасраи ин миллати тамаддунсоз мебошад. Парчами давлатии мо аз се ранг иборат буда, ҳар ранги он ба худ маънии хос дорад. Ранги сурх муборизаву ҷоннисориҳо баҳри ба даст овардани истиқлолият ҳифзи марзу бум ва ҳимояи Ватан аз душман аст. Ранги сафед бахту иқбол ва маънои покиву озадагиро дорад. Ранги сабз бошад ин сарсабзиву ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии моро таҷассум мекунад. Ҳафт ситора, ки дар қисми асосии парчам ҷойгиранд рамзи ҳафт табақаи осмон, ҳафт ситора шумораи рӯзҳои ҳафтаро дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 36 метр парафшон шуд, ки ин барои мо ифтихору сарбаландӣ мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқамонро ба қуллаҳои мурод расонад.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба тамоми сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди ноҳия бахту иқбол, амнияту осоиш ва файзу баракатро орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз.