Кӯҳистони Мастчоҳ: Волейбол ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

0
12

Санаи 22-ноябри соли 2021 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори варзишии мактабинтернат миёни хонандагони муассисаи таълимии ноҳияи мусобиқаи варзишии волейбол баргузор гардид.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ миёни хонандаҳои муассисаи таълимии ноҳия мусобиқаи валебол баргузор гардид.  Мусобиқаи варзиши бо ибтикори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия роҳандози карда шуд. Тибқи нақша даври аввали мусобиқа дар ҷамоату деҳоти ноҳия доир гашта, беҳтаринҳо ба даври ноҳияви роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоии мусобиқаи волейбол дар толори варзишии мактабинтернат вақеъ дар шаҳраки Меҳрон баргузор гардид, ки дар он 8-даста  байни ҳам рақобат намуданд. Дар миён инҳо дастаи  Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ҷойи аввал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 22- и деҳаи Худгифи Офтоб ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.

Ба ғолибони мусобиқаи волейбол муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова  дар зери сутупояи Парчами давлатии боғи Парчами назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дидор карда, доир ба ташкилу баргузории мусобиқа, инчунин оид ба нақшу аҳамияти Парчам дар низоми давлатдорӣ ҳарф зада, арҷ гузоштан ба ин муқаддасот ва рамзи давлатдориро вазифаи ҳамагон хонд. Ҳамчунин дар инҷо ба ғолибони мусобиқаи волейбол туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.