ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
61

Субҳи рӯзи 16-ноябри соли 2021 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон гуруҳе аз масъулин ва ҷавонону фаъолони ноҳия роҳпоймои доир намуданд. Иштирокчиёни роҳпаймои дар даст парчам ва аксҳои  Пешвои миллатро бардошта бо нишони арҷгузори ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи асосии маркази ноҳия то назди бинои мақомоти иҷроияи роҳпаймои намуданд.

Пас аз роҳпаймои  дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии бошукуҳ  доир гардид. Дар рафти чорабини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода паёми шодбошии хешро ба муносибати Рӯзи Президент баён дошта, иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ин ҷашвора табрик намуд.  Ҳангоми баромад Раиси ноҳия қайд кард, ки

-Дар воқеъ пас Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии, ки дар таърихи 16-ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ба саҳнаи сиёсат як Роҳбари кордону оқил, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард. 6-ноябри соли 1994 дар кишвар  соҳибистиқлоли мо тоҷикон  интихоботи шафофу  озод гузашт ва ба ин мансаби волои давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвоти миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, борҳо бо баргузории интихоботҳои шафоф ва бо раъй мардуми тоҷик тайи 30-соли соҳибистиқлоли дар ин вазифаи басо пуршарафу масъулиятнок, баҳри ободу  зебо кардани ватани азизу маҳбубамон ҷидду ҷаҳд доранд. Пешвои муаззами миллат замоне ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданд, ки вазъият дар кишварамон хеле мураккаб буд ва дар  чунин вазъияти баамаломада кишвари мо ба як  роҳбари оқилу  ва далеру шуҷоъ ниёз дошт. Раиси ноҳия ёдовар аз вазъи гузашта ва имрӯзаи ноҳия шуда иброз дошт, ки дар замони Шӯравии собиқ Кӯҳистони Мастчоҳ як хоҷагии гусфанпарвари буд, хушбахтона пас аз истиқлолияти давлати ва  ба сари қудрат омадани   Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуд. Бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, руз аз рӯз ноҳия ободу зебо шуда истодааст ва мардуми ноҳия аз чунин дастгириву ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд.

Сипас Раиси Суди ноҳия Иноятулло Ғуломзода ба сухан баромада доир ба заҳмату талош ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва барқарорсозии пояи давлати тоҷикон дар даврони истиқлолият ибрози назар кард. Номбурда қайд кард, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рузи аввали ба сари қудрат омаданашон шабонарӯзи заҳмат кашида, миллату давлати тоҷикро аз буҳрони нобуди наҷот доданд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки мамлакати ҷавони мо зуд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд ва дар давоми 30-соли соҳибистиқлоли ба як кишвари ободу ру ба тараққӣ шинохта шуд. Мо бояд қадру заҳмат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро донему арҷ гузорем гуфт Раиси Суди ноҳия.

Баҳри хубу хотиромон гузаронидани  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарояндаи машҳур ва ҷавон Қудбиддини Раҷабзод дар ҳамбастагӣ бо дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад намуда,  бо суруду таронаҳои ҷолибу дилнишин хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

  Саидвоҳиди Қосим