ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
112

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси шодмониву сарфарозист, ки дар таърихи давлатдории навини мо боз як санаи дигар дар тақвими иду ҷашнвораҳо ва рӯзҳои фархунда – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақам хурд, ки онро ҳама сола ҳамватанони мо онро рӯзи 16-уми ноябр бо сарбаландӣ таҷлил менамоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи муборак самимона табрику муборакбод мегӯям.

Таърихи тамаддуни башарияти инсонӣ бо гузашти замон саҳм ва хидмату бузургии сиёсатмадоронро дар пешрафту тараққиёт ва ободониву бозсозии ҳаёти ҷомеа бо сифати ҷонфидои давлату миллат ва нишони садоқат ба Ватан эътироф намуда, дар тули таърихи гузаштаву имрўза ва фардои ҷомеа бо хусусияту хислатҳои беназир онҳоро тасвир менамояд.

Зеро хизматҳои шоиста ва тақдирсози онҳо дар пешрафти самтҳои муҳимтарин ҳаёти ҷомеа нақши асосӣ дошта, барои рушди минбаъдаи давлат ва муаррифии миллат заминаи боэътимод мегузорад.

Саҳифаи таърихи миллати тоҷик дорои сармояи бузурги маънавию ахлоқӣ буда, дар баробари он шахсиятҳои бузургу тавоноро бо назардошти хизматҳои босазо ва сарнавиштсозашон дар ҳифзи тақдири давлату миллат ва ватани аҷдодии хеш ҳамчун  қаҳрамон ва вориси миллат ба қалам додааст. Бахусус Темурмалику Спитамен, Муқаннаъу Шерак, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи онҳо мебошанд.

Агар ба фаъолияти сиёсии онҳо таваҷҷўҳ намоем достони зиндагии онҳо мактаби бузурги хештаншиносию худогоҳӣ буда, барои тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани чунин фарзандони ҳомии Ватан хело имконияти хуб мебошад.

Воқеан, роҳи ҳар як ҷавонмарди ин сарзамин, макони илму дониш ва фарҳангу тамаддун пайрави ба таъкидҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, боиси сарбаландӣ ва мояи ифтихору саодатмандӣ мебошад. Давлати тоҷикон имрўз таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра ба қуллаҳои баланди рушду тараққиёт расида истода, ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон фазои мусоид, имконияти рушду камол, амалии гардонидани орзуву ормонҳо, некўиву хушбахтӣ ва озодиро ба миён овардааст.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар ҳамаи шумо ва дар симои шумо аҳли хонавода ва кулли сокинони ноҳияро ба ин санаи фархунда аз сидқи дил табрик менамоям!

Сарбаланди муваффақ ва саодатманд бошед ҳамеша!