КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: КАРТОШКА БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ШУДААСТ

0
52

Дирӯз 22-октябр раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо мақсади шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосили картошка ва омодагии мардум ба фасли зимистон аз як чанд деҳоти дурдасти ин ҷамоат дидан карда, бо сокинон мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳоест, ки дар истеҳсол ва таъмини бозори кишвар бо картошкаи хушсифат нақши намоён дорад. Дар назараст, ки соли ҷори заҳматкашони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаврии мамлакат  беш аз 100ҳазор тонна картошка истеҳсол намуда ба бозори кишвар бароранд.

Зимни шиносоӣ деҳқонону фаъолони рустоҳо ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки ҳосили картошкаро пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, бо шеваи ҳарсола дар хандақҳо ё чағораҳо захираву қисми мавриди назарро ба фурӯш баровардаанд.

Бобозода Хайрулло бинобар сард омадани боду ҳаво ва боридани барфи аввал дар ноҳия ба сокинон машваратҳои муфид дода, таъкид намуд, ки маҳсулоти ҷамъовардаи худро дар ҷойи амн захира намуда, аз сардӣ ҳифз кунанд.

Ҳамчунин бобати захираи тухмии хушсифат барои кишти соли оянда, захираи  маводи озуқа ва маводи сӯхт барои давраи зимистон ба мардум дастуру маслиҳатҳо дода шуд. Дар рафти сафар ба деҳаҳои дурдасти ноҳия маълум гардид, ки деҳқонон бо истифода аз ҳавои мусоид ва пеш аз боришоти барфи аввали имсола ҳосили кишткардаи худро ҷамъоварӣ карда, инчунин барои давраи зимистон ба қадри зарури маводи озуқаворӣ харидорию захира кардаанд.

Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии ноҳия имсол дар майдони 2 ҳазору 840,9 га кишти картошка ба роҳ монда шуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2021, 49 ҳазору 760,5 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 361 сентнерро ташкил медиҳад.

Саидвоҳиди Қосим