ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0
59

Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки имрўзҳо дар саросари кишвари азизу маҳбубамон дар фазои сулҳу субот ва якдиливу ҳамфикрӣ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои беназири таърихӣ ва шодиву нишот дар рўҳияи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил гардида истодааст.
Ба ин муносибат, тамоми сокинони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳро ба фарорасии таҷлили ин ҷашни бузургу тақдирсоз, ифодагари озодиву дустӣ ва поягузори давлатдории миллии навини тоҷикон самимона табрик менамоям.
Истиқлол ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ, рамзи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ таҷассумгарӣ дустиву рафоқат, ватандўстиву ватанпарастӣ, инъикосгарӣ адолати иҷтимо, иттиҳоду сарҷамъии халқ барои давлатсозиву давлатдорӣ ва шукуфоии он ба хотири фардои дурахшон маҳсуб меёбад.
Мусаллам аст, ки санаи 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик Истиқлоли миллиро ба даст оварданд, ки ин рўйдоди таърихӣ барои оѓози давлатдории навини тоҷикон дар масири таърих саҳифаи наверо боз намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Воқеан, расидан ба Истиқлол барои ҳар як халқу миллат ормони олист, зеро бидуни истиқлоли давлатӣ ҳеҷ як миллат дар арсаи ҷаҳон наметавонад зиндагии осудаву озод ва осоиштаро ихтиёр намояд.
Ба мафҳуми дигар, Истиқлоли давлатӣ кафолати асосии амалисозии ормонҳои олии миллӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа махсусан баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии халқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам месозад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Тавре ки мову шумо аз саҳифаҳои аввалини таърихи соҳибистиқлолии давлатамон воқиф ҳастем, дар рўзҳои нахустини давлатдорӣ Ҷумҳури Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба тақдири давлат ва сарнавишти миллат хатари ҷиддиро ба миён овард.
Пешвои миллат вобаста ба воқеияти хатари ҷанги шаҳрванди барои давлатдории миллӣ ва истиқлолияти комили сиёсӣ чунин баён доштаанд: «Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд»
Чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ дар он лаҳзаҳои ҳасос тақозо менамуд, ки бояд ҳарчи зудтар ба арсаи сиёсат роҳбаре интихоб гардад, ки баҳри раҳоии кишвар аз бўҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву равонӣ садоқатмандона хизмат намояд.
Мояи ифтихор аст, ки ба бахти миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, ки аз рўзҳои аввали давлатдорӣ бо фаъолияти сиёсии худ баҳри наҷоти миллат аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бо андешаҳои олии давлатдорӣ дар мамлакат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро таъмин намуда, барои таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва бартараф намудани оқибатҳои вазнинин ҷанги шаҳрвандӣ дар назди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи тақдирсози миллӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энегетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро гузоштанд, ки дар наитаҷаи татбиқи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ ба комёбиҳои арзанда ноил гардид, ки ин ҳама пешравиҳо аз сиёсати дурусти ояндабинӣ ва интихоб намудани мехназими олии мактаби давлатдории Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Асоси гуфтаҳои болоро сохтмони нақбҳо, пулҳо, роҳҳо ва сил-сила нерўгоҳҳои азим, ки бевосита дар рушди иқтисоди миллӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ таҳаввулоти куллии рушди босуботро ба миён оварданд тасдиқ менамояд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат дар радифи амалисозии се ҳадафи стратегӣ, ҳамзамон барои ноил гаштан ба нақшаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат, ҳадафи чоруми миллӣ, саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуданд, ки мақсад аз он инкишоф додани ин соҳаи афзалиятнок ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардида, бо ташаббуси роҳбари давлат дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи бунёд намудани садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзиши имкониятҳои хизматрасониву варзишӣ ва таълимию табобатӣ бо беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Мусаллам аст, ки баъди барқарор гардидани сулҳу суббот дар мамлакат дастовардҳои таърихие, ки миллати тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, тарбияи намудани насли наврас дар роҳи худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаҳои боэътимдоро фароҳам оварданд.
Чунин раванди ободониву созандагӣ аз ҳар яки мо сокинони ноҳия талаб менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагии кишвари азизамон бетараф набошем, балки барои ҳимояи истиқлоли давлатиамон дар ин гўшаи дурдасти кўҳистон саҳмгузори намоем.
Боя зикр намуд, ки раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ, махсусан доман паҳн намудани терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, баръакс дар муқобили чунин равияҳои ифротгароӣ устуворона муқовимат намуда, дар ҳифзу мудофиаи кишварамон бо нерўи шикастнопазири ҷисмониву ақлонӣ дар ин гўшаи диёрамон ватандўстии худро собит намоем.
Ҳамдиёрони азиз, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ меваи даврони истиқлолияти давлатӣ буда, дар давоми 25 соли мавҷудияташ бо ѓамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело рушд намуда истодааст.
Пешвои миллат, санаи 20 августи соли 2019 зимни мулоқот бо сокинони ноҳия дар ин хусус чунин баён намудаанд: «Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳимми кишоварзии мамлакат табдил ёбад»
Далели возеҳи ин гуфтаҳо махсусан давоми солҳои охир бахшида ба ҷашни бузурги миллиамон сохтмон, бунёд ва ба истифода додани якқатор биноҳои маъмурӣ дар маркази ноҳия, ки бевосита бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат гирифта буданд, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 108 адад иншоотҳои таъиноти гуногун дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва маъмуриву хизматрасонӣ ва маишӣ ба нақша гирифта, то ба имрўз 106 адад иншоотҳои ҷашнӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки иҷроиши нақша 98 фоизро ташкил медиҳад.
Бо таваҷҷўҳ ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар оянда низ ҷиҳати зина ба зина ҳал намудани камбудиҳои ҷойдошта, махсусан дар соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, ки асоси пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд, иқдомоти саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз, шукргузорӣ аз он менамоем, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари аҷдодиамон пойдор аст. Ин ду неъмати бузурги таърихӣ дар ҳифзи давлатдорӣ ва рушду нумуи он дастоварҳои бесобиқаи таърихиро ҳамчун таҷрибаи олии давлатдорӣ касб намудаанд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки пайрав ва татбиқкунандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бошем, то ки дар оянда ватани аҷдодиамон боз ҳам дар сатҳи нав тибқи нақшаҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ, ки мароми азалии мост, муваффақ гардад.
Орзўи онро менамоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша сулҳу субот, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва дустиву рафоқат пойдор бимонад, то ки истиқлоли давлатии мо, ки дастоварди таърихист халалдор нагардад.
Дар охир бори дигар, тамоми сокинони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба фаро расидани таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву саодатмандӣ ва саломативу комёбиҳоро таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!