ВАКИЛОНИ ХАЛҚ МАСЪАЛАИ БАРНОМАИ РУШДИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗРО БАРРАСӢ КАРДАНД

0
46

Рӯзи  8-уми июли соли 2021 дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иҷлосияи 7-ум (даъвати шашум)-и маҷлиси вакилони халқии ноҳия доир гардид. Дар кори иҷлосия раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, мудири бахши кишоварзии вилояти Суғд Саидимомхоҷа Акбаров, вакилон ва фаъолон ширкат доштанд.

Дар иҷлосия асосан чор масъала, аз ҷумла оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019 №643 “Дар бораи Барномаи маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, ворид намудани илова ба дастури маҷлиси вакилони халқии ноҳия, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019 № 643 “Дар бораи Барномаи маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” дар назди вакилон ҳисобот дод.

Номбурда зимни баромад зикр намуд, ки “яке аз вазифаҳои асосии барномаи мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон маҳсуб ёфта, иҷроиши ин барнома дар ноҳия дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали  соли 2020 нақшаи андоз дар ноҳия 2 млн. 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 2 млн.  65 ҳазор сомонӣ, ё худ 103, 1 фоиз таъмин карда шуд, ки дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли 2019,  479 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон нақшаи андоз  дар нимсолаи аввали соли 2021, 2 млн. 41 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, иҷроиши он  ба 108 фисад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 8,1 фоиз зиёд мебошад”,-иброз дошт Вазирова.

Дар идомаи  ҷаласа масъалаи номгузории баъзе аз объектҳои физикию ҷуғрофӣ низ баррасӣ гардида, иваз намудани номи пиряхи “Лангарқирғиз” — ҳудуди ҷамомати деҳоти Лангар ба  номи пиряхи “Лангар”  аз ҷониби  вакилон ба хушнуди пазируфта шуд.

Дар рафти ҷаласа Мудири бахши кишоварзии вилоят Саидимомхоҷа Акбаров суханронӣ намуда, доир ба масъалаи иҷрои “Барномаи маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” дар ноҳия ибрози назар кард.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии барномаи маъмурикунони андоз ин пеш аз ҳама такмил додани идоракунии андоз, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, коҳиш додани сарбории маъмурӣ ба андозсупорандагон ва шаффофияти системаи андоз мебошад.

“Дар амал татбиқ намудани ин барнома вазифаи аввалиндараҷаи нозироти андоз мебошад. Аллакай, дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низоми пардохти андоз ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулини ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро зарураст, ки дар асоси барномаи болозикр дар самти равзанаи ягона, низоми электронӣ ва бақайдгирии манбаи андозсупоранда корро ҷаннок намоянд,- гуфт Акбаров.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло доир ба иҷрои нақшачорабиниҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда, аз вакилону фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ дар ҳудуди ноҳия бо интихобкунандагонашон корбарӣ намоянд.

“То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти кам мондааст. мову шумо – вакилонро зарур аст, ки барои корҳои ободонии ноҳия саҳми арзандаи худро гузорем. Дар баробари ин баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир — КОВИД-19 дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмодадиҳиро бештар карда,  дар иҷрои масъулияти ба дӯшдоштаамон содиқона амал намоем,-иброз дошт раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.

Саидвоҳиди Қосим