БА БОНУВОНИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ТАРЗИ ДУРУСТИ ПАРВАРИШИ ЗАНБӮРИ АСАЛРО ЁД ДОДАНД

0
37

Аз санаи 2 то 5-уми июли соли 2021 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ семинари омӯзишӣ оид ба парвариши занбури асал таҳти роҳбарии мутахассисони рус доир карда шуд.
Дар семинари мазкур 35 нафар аз бонувони ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ ба омӯзиш парвариши занбури асал фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад ин давраи омӯзишӣ дар асоси Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва лоиҳаи «Бунёди субот ва тағийрёбии иқлим дар соҳаи кишоварзц ва обёрии деҳоти Тоҷикистон» бо маблағгузории ҳукумати Русия роҳандозӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки Барномаи Рушди СММ беш аз 10 сол аст, ки дар қаламрави кишвари мо дар самтҳои гуногун баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум кору фаъолият дорад.
Бино ба иттилои масъулини лоиҳаи мазкур дар авохири соли 2020 бо мақсади ҷалби бештари занону духтарони деҳот ба парвариши занбури асал ва бо ин восита афзун намудани буҷети оилаи худ бо малағгузории кишвари Русия иқдом гирифта шуда буд.
Аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва лоиҳаи «Бунёди субот ва тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзц ва обёрии деҳоти Тоҷикистон» аввал ба 30 нафар бонувони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз авоили фасли баҳор 5 оилаи (бо қуттӣ) занбури асал дастрас гардидааст.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли асал ва парвариши занбӯр аз мутахассисони ин соҳа аз кишвари Русия Наталя Андреевна ва Наталя Попова ба ноҳия ташриф оварда, тули 3 рӯз ба бонувони мадди назари Барнома омӯзиш гузарониданд. Дар рафти семинар мутахассисон чи тавр парвариш намудани забури асал, нигоҳубини он дар давраи зимистону баҳор, истеҳсоли босифати асал ва дигар имконияту манфиати асалу асалпарвариро омӯзонида, ба бонувон машваратҳои муфид доданд.
Мавриди зикр аст, ки занбурпарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромад ба ҳисоб меравад. Амалӣ намудани чунин як иқдом бо дарназардошти тағйирёбии иқлим аз ҷониби БРСММ дар асоси лоиҳаҳои таҳиягардида барои манотиқи кӯҳистон басо муфид мебошад. Зеро дар амалишавии чунин иқдом чанде аз занону бонувони ноҳия соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Гуфта мешавад дар асоси лоиҳаи мазкур асосан 6 гуруҳи 5 нафара аз деҳаҳои Мадрушкат, Истошон, Палдорак, Роғ, Водиф, Деҳҳавз, инчунин як гуруҳ аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнц, аз қабили занону бонувони бекор ҷалб карда шуданд. Наталя Папова мутахассиси соҳаи занбурпарварӣ, ки дар ин соҳа собиқаи беш аз 40-сола дорад, дар суҳбат ба хабарнигори «Паёми Кӯҳистон» гуфт, ки «сол аз сол боду ҳаво ва иқлим тағйир ёфта истодааст. Соҳаи занбурпарварӣ аз зумраи соҳаҳои камхарҷу сердаромад буда, барои табиат низ фоидаовар мебошад.
“Бубинед дар соҳаҳаи кишоварзӣ аксари маҳсулот офатзада аст. Ҳамчунин ба табиат назар кунед гулу буттаҳо чун пештара зебою шукуфон нестанд. Агар занбурпарварӣ ривоҷ дода шавад, ба хусус дар ин гуна манотиқи кӯҳсор, барои табиат ва инсоният фоидаовар мебошад,- изҳор дошт Попова зимни суҳбат.
Мутахассиси дигар Наталия Андреевна, ки собиқаи 18-сола дар соҳаҳи занбурпарварӣ дорад, дар суҳбат занбурпарвариро соҳаи даромаднок арзёбӣ карда гуфт, ки «иқлими Кӯҳистони Мастчоҳ ва боду ҳавои ин минтақа барои занбурпарварӣ басо мутобиқ мебошад. Лоиҳае, ки амалӣ шуда истодааст, беҳадаф нест. Ин пеш аз ҳама ба ҷои кор таъмин намудани занони деҳот ва истеҳсоли асали босифат мебошад. Дигар ин ки дар ҳудуде, ки қуттиҳои занбур гузошта шудаанд, барои истироҳат муфид мебошад. Ин чиз собит шудааст, ки 40 дақиқа хоб дар чунин макон баробар аст ба хоби якшабонарӯза.
Низомат Шарифова як бонуи муваффақ дар ин соҳа, ки беш аз 4 сол мешавад ба парвариши занбӯри асал машғул аст, мегӯяд “шуғли занбӯрпарварӣ метавонанд барои занони кӯҳистон яке аз воситаҳои даромади зиндагии онҳо бошад, зеро харҷи кам дорад ва ҳам кораш мисли кори замин сахту сангин нест”.
Ба гуфти Низомат табиати зебои Кӯҳистони Мастчоҳ, ки тагобу дараҳои он пур аз гулу гиёҳҳои шифобахш аст, барои рушди занбӯрпарварӣ хеле мувофиқ аст.
”Асали Кӯҳистони Мастчоҳ серхаридор аст, зеро он аз гарди гулу гиёҳҳои шифобахш тайёр шудааст. Аз Душанбе, Хуҷанду Масчои нав омада асал мегиранд. Ҳар килои онро ба ҳисоби миёна ба қимати то 50 сомонӣ фурӯхтем”,- бо қаноатмандӣ изҳор медорад ӯ.
Занбӯрпарварӣ яке аз самтҳои фоидаовари соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он дар давоми як панҷсолаи охири хеле беназир аст.
Ҷаҳоншер Саидов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд дар давоми як панҷсолаи охир занбӯри асалпарварӣ дар ноҳия 68,1% рушд карда, истеҳсоли асал бошад беш аз 17% афзудааст. Ба иттилои ӯ айни ҳол дар ноҳия беш аз 4500 оилаи занбӯри асал буда, истеҳсоли асал зиёда аз 40 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як оила дар Кӯҳистони Мастчоҳ 9,5 кг асал рост меояд.

Саидвоҳиди Қосим