ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ЭМКУНӢ БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ ШУД

0
67

Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ марҳилаи якуми ваксинзанӣ бар зидди бемории сирояти нави коронавирус COVID-19 оғоз шуд.

Дар ин бора аз Маркази иммунопрофилактикии ноҳия ба мо иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ эмкунӣ бар зидди коронавирус дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.03.2021, №83 “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо мақсади фаро гирифтани тамоми гуруҳҳои мақсадноки аҳолии ноҳия бо ваксинаи зидди ин бемории сироятӣ руйхат ва шумораи онҳо аз муассисаҳои тиббӣ аз рӯи марҳилаҳо тартиб дода шудааст.

Маҳмадшариф Одинаев директори Маркази  иммунопрофиклактии ноҳия дар суҳбат бо хабарнигори “Паёми Кӯҳистон гуфт, ки дар марҳилаи якуми эмкунӣ тамоми кормандони соҳаи тиб, ашхоси гирифтори бемориҳои диабети қанд, гепотитҳои вирусӣ, фишорбаландии шараёнӣ, ишемияи дил, саратон, ки синну солашон аз 20 то 49 сола мебошад, инчунин аҳолии синну солашон аз 60 сола боло фаро гирифта мешаванд.

“Гуруҳҳои мақсадноки аҳолӣ марҳила ба марҳила бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд. Аз санаи 22.06.2021 мо ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии коронавирусро оғоз намудем. Дар навбати аввал танҳо кормандони сохторҳои тиббии маркази ноҳия ба нақша шомил гаштаанд. Тибқи нақша дар давоми моҳи июн 120 нафар кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия ваксинаи зидди коронавирусро гирифтанд ва ба ҳамаи онҳо гувоҳнома дода шуд. Дар ноҳия умуман 258 нафар кормандони соҳаи тиб,  1471 нафар аҳолии синну соли аз 60 сола боло ва ашхоси гирифтори бемориҳои ҳамрадиф дошта 254 нафар мебошанд. Тибқи нақша дар марҳилаи аввал ҳамаи инҳо эм карда мешаванд» — мегӯяд Маҳмадшариф Одинаев.

Саидвоҳиди Қосим