БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ДЕҲАИ ЛАНГЛИФ ЯК БУНГОҲИ САЛОМАТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

0
171

Имрӯз 27.06.2021 сол бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Ланглифи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як бунгоҳи саломатӣ бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунгоҳи саломатии мазкур дар доираи лоиҳаи «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дастгирии молиявии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) ГАВИ бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад сохтмони Бунгоҳи саломатии Ланглиф аз ҷониби корхонаи сохтмонии ҶДММ “Транс Азия Сервис” бо маблағи 620000 сомонӣ сохта шудааст. Ин бунгоҳи саломатӣ барои деҳаҳои дурдасти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла Ланглиф, Туро, Водиф ва Деҳҳавзу Деҳҳисор нигаронида шудааст, ки наздик ба 1000 нафар метавонанд аз хидматрасонии тиббӣ баҳраманд шаванд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни ифтитоҳи бунгоҳ ба саҳму фаъолияти масъулони лоиҳа баҳои баланд дода, иншооти мазкурро беҳтарин туҳфа барои сокинони деҳоти дурдасти ноҳия дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ хонд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо дастгирии молии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) ГАВИ ва дар доираи лоиҳаи «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2019 дар деҳаи Табушни ҷамоати Лангар як бунгоҳи тиббӣ бунёд ва соли 2020 Маркази саломатии деҳаи Оббурдони ҷамоати Иван-Тоҷик аз таъмири куллӣ бароварда шуда, хидматрасонии тиббӣ дар ин ноҳия беҳтар гардида буд.
Гуфта мешавад Бунгоҳи саломатии Ланглиф дар доираи Лоиҳаи мазкур бо таҷҳизотҳои тиббӣ, корӣ ва мизу курсию ҷевонҳо бо маблағи 43000 ҳазор сомонӣ муҳайё карда шудааст. Инчунин барои нигоҳдории ваксинаҳо бо яхдон таъмин гардидааст.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 6 маркази саломатӣ ва 12 бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот барои аҳолӣ хизмат намуда истодаанд.
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бунёди беш аз 10 иншоот дар соҳаи тибро ба нақша гирифтааст, ки онҳо, аз чумла бунёди беморхонаҳои нав, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ва ворид намудани таҷҳизоти нави тиббиро дарбар мегиранд.

Беҳзод Ҷумъазода