ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 24-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
78

26 июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят Тоҷиддин Насриддинов иштирок дошт.
Нахуст раиси ноҳия иштирокчиёнро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, дар саросари кишвари азизу маҳбубамон заминаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар партави пайгирии чор ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии миллӣ пеш гирифта, дар зарфи 24 сол дар мамлакат тағйиротҳои куллӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа амалӣ гардида истодааст.


Зикр карда шуд, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои пешрафт ва пойдории ҳар як давлат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандўстиву хештаншиносӣ ва шинохти суннатҳои неки давлатдорӣ такони ҷиддӣ бахшида, тафаккури миллиро маҳз дар ҳамин самт тарбия менамояд.
Сипас намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Тоҷиддин Насриддинов табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид.
Таъкид гардид, ки ин санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.
Баъдан бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба як қатор кормандони сохторҳои гуногун аз ҷониби раиси ноҳия туҳфаву ифтихорномаҳо супорида шуд.
Барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукуҳу хотирмон бахшид.

Беҳзод Ҷумъазода