ПАЁМИ табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

0
53

Ҳамдиёрони азиз,

Мардуми шарафманди ноҳия!

Дар ин лаҳзаҳои басо хотирмон ҳамаи Шуморо ба фарорасии 24-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, дастархони пурбаракат ва тансиҳативу хушбахтиро орзумандам.

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки айни ҳол дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон, бахсус ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар рўҳияи баланди ватандўстиву ватанпарастӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ин санаи бузурги таърихӣ таҷлил гардида истодааст.

Баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар мамлакат ҳазорҳо гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргаштанд ва таҳти роҳбари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ ба даври шукуфоӣ қадам гузошт.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, дар саросари кишвари азизу маҳбубамон заминаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар партави пайгирии чор ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии миллӣ пеш гирифта, дар зарфи 24 сол дар мамлакат тағйиротҳои куллӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа амалӣ гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки ба имзорасии Созишномаи умуми  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти давлатдории мо саҳифаи наверо боз намуд, боварии мардумро ба ояндаи дурахшон устувор гардонид, меҳр ба Ватанро дар қалби ҳар як сокини кишвар ҷой дод, мардумро дар атрофи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид сохт, барои оромӣ ва устувории давлат арзишҳои миллиро эҳё кард ва собит намуд, ки миллати тоҷик фарҳанги баланди ваҳдатофарӣ дошта, бо чунин хиради олӣ бо дарки ояндаи давлат ба рўзҳои дурахшон расида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ басо ба маврид зикр намудаанд: «Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».

Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои пешрафт ва пойдории ҳар як давлат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандўстиву хештаншиносӣ ва шинохти суннатҳои неки давлатдорӣ такони ҷиддӣ бахшида, тафаккури миллиро маҳз дар ҳамин самт тарбия менамояд.

Ваҳдат на танҳо омили пешрафт ва инкишофи ҷомеа мебошад, балки барои иттиҳоду ҳамфикрӣ ва татбиқи садҳо андешаҳои олии созанда ва эҷодкорона нақши муассир гузошта, мардумро дар рўҳияи баланди фарҳанги давлатдорӣ ва ҳифзу таҳким бахшидани манфиатҳои миллӣ равона менамояд.

Ба имзорасии Созишномаи мазкур исбот намуд, ки Сарвари давлат дорои мавқеи устувор буда, барои давлат ва миллат хизмати беназирро анҷом доданд. Чунин сиёсати сулҳдўстонаи Пешвои миллат боварии мардумро ба давлат ва сарзамини аҷдодиашон зиёд намуда, дар мамлакат андешаҳои дўстӣ ҷойгузини андешаҳои душманӣ гардид ва ба ин васила то ба имрўз давлатамон дар марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ қарор гирифтааст.

Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ меваи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, таҳти ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида истодааст, ки имрўзҳо раванди корҳои созандагӣ ва ободонӣ далели гуфтаҳои мо мебошад.

Вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоотҳои ҷашнӣ мунтазам идома дода мешаванд.

Ваҳдати миллӣ неъмати ноёб ва нодир буда, танҳо дар дунё миллатҳое комёб мегарданд, ки ба қадри он мерасанд ва онро ҳифз менамоянд.

Оромию осудагӣ, ободиву созанадгӣ ва иттиҳоду ҳамфикрӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки  барои инкишофи ҷомеа заминаҳои боэътимод мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба фарорасии Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, бароятон ваҳдату дӯстиро таманно дорам!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!