Таваҷҷуҳ!!! Озмуни ҷойҳои кории холӣ
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад.
- Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;
- Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия;
- Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
- Мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик.
Шартҳои озмун:
— доштани маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;
— барои мудири бахши кор бо занон ва оила 3-сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5-сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— барои мутахассиси пешбар ва мутахассисон 2-сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 — сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
— ариза ба унвонии роҳбари мақомот;
— варақаи шахсии баҳисобгири кадрӣ;
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи шаҳодатномаҳои дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
— нусхаи диплом дар бораи доштани маълумоти олии касбӣ;
— нусхаи шиноснома ва дафтарчаи меҳнатӣ;
— нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;
— маълумотнома оид ба доғи судӣ; (ИТС)
— 2 дона расми 4х6
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроға: шаҳраки Меҳрон, бинои МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
Телефонҳо барои тамос: 92 621 44 99, 92 637 85 26