“АНДАЛЕБ — 2021”: КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВӢ 118,5 ХОЛРО КАСБ КАРД
28 майи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ даври ноҳиявии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб — 2021” бо иштирок раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва аъзои ҳакамон аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузор гардид, ки ҳакамон ба ҳунари ҳаваскорони ноҳия 118,5 хол доданд.
Фестивал-озмуни мазкур аз рӯи 12 шарт – намоиши ҳунарҳои мардумӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, саҳначаи ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ гузаронида шуд.
Дар охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аҳли ҳунари фестивал-озмун бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Фестивал-озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» ва ба муносибати ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолият дар ҳакморӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд. Даври вилоятии фестивал-озмун моҳи июн дар маркази вилоят доир хоҳад шуд.
Гуфта мешавад мақсад аз баргузории фестивал — озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави санъат буда, аҳли фарҳанги кишвар тавассути ин Фестивал — озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи Тоҷикистонро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ба ғолибони даври вилоятии фестивал-озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ба ғолибони даври ҷамъбастии фестивал аз ҷониби муассис — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон диплому мукофотҳои пулӣ тақдим карда мешавад.
Беҳзод Ҷумъазода