ОРЗУҲОИ САДСОЛА АМАЛӢ ШУДАНД. ХАТИ ОБИ ПОЛЕЗИИ ХУДГИФИ СОЯ РАСМАН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

0
63

25 майи соли равон бо иштироки раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва сафири фавқулода ва мухтори  Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Такаюки Мияшита хати оби полезии деҳаи Худгифи Соя расман мавриди истифода қарор гирифт.

Гуфта мешавад тарҳи хати оби полезии Худгифи Соя дар доираи нақшачорабиниҳои ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳия шуда, бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар доираи кумакҳои бебозгашт чун расмзи дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи ҳарду кишвар амалӣ гардидааст.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни ифтитоҳи Хати оби полезӣ ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита аз номи сокинони ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ намуда гуфт, ки бо амалӣ шудани ин тарҳ мардуми деҳаи Худгифи Соя ба орзуҳои садсолаи худ расиданд.

“Мо хуб медонем, ки дар Кӯҳистон на ҳама деҳаҳо ба оби полезӣ дастрасӣ доранд. Мардуми деҳаи Худгифи Соя садсолаҳо орзу доштанд, ки деҳҳаашон шодоб шавад ва дар гармоҳои тобистон дигар ба мушкили норасоии оби полезӣ рӯбарӯ нашаванд. Дар урфият мегӯянд, ки “об додан беҳтар аз нон додан аст”. Имрӯз мо худ шоҳиди он гардидем, ки таҳти сиёсатҳои хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гӯшаи диёрамон сероб гардид. Ман аз номи тамоми сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба кишвари Ҷопон, хоса ба ҷаноби сафир барои кумакҳояшон сипос ва миннатдории беандозаи худро изҳор медорам”,- таъкид дошт зимни суханронӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон ҷаноби Такаюки Мияшита аз ҳамкориҳои дуҷонибаи кишвараш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи баланд татбиқ гардидани лоиҳа ба сокинони деҳа ва сохтмончиён офарин хонд.

Маврид ба зикр аст, ки тарҳи сохтмони хати оби полезии Сарҷӯ – Савраки деҳаи Худгифи Сояи ҷамоати Иван-Тоҷик бо маблағгузории сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Зарафшон» ба масофаи беш аз 2 килеметр сохта ва мавриди истифода қарор гирифт. Санги асоси ин тарҳ моҳи марти соли 2019 гузошта шуда, наздик ба ду сол корҳои сохтмонии он давом ёфтанд.

 Ин хат аз сарҷӯӣ деҳаи Худгифи Офтоб тавассути лулаҳои плостикии обгузари қутрашон 225 мм-ра кашида шуда, аз болои рӯди Зарафшон мегузарад ва ба баландии наздик ба 1300 метр аз сатҳи баҳр баромада ба ҳавзи қадимии деҳа рехта, онҷо захира мешавад ва пасон аз онҷо ба воситаи ҷӯйборҳо ба заминҳои сокинон тақсим мешавад.

Нурмуҳаммад Ғайбуллоев, саркор (бригадир)-и деҳаи мазкур мегӯяд бо амалӣ гардидани ин тарҳ  акнун наздик ба 35 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад.

Орзуи мардуми деҳаи мо (Худгифи Соя) садсолаҳо ин буд, ки ба деҳа хатти оби полезӣ кашида шавад. Бисёре аз гузаштагони мо аз сабаби норасоии об тарки диёр намудаву ба шаҳрҳои Тошканду Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ кӯч баста, муқими он ҷойҳо шуданд”,- зикр намуд Нурмуҳаммад Ғайбуллоев.

Ба қавли Нурмуҳаммад Ғайбуллоев  ҳар сол дар фасли тобистон, дар айни обталаб будани зироатҳо норасоии оби полезӣ ба вуҷуд меомад ва бештари зироатҳо аз камбуди об дар гармои тобистон талаф мешуданд:

“Ба деҳаи мо асосан аз чашмаҳо об меояд. Вале дар фасли тобистон чун ҳарорати ҳаво гарм мешавад, оби чашмаҳо хушк мешаванд. Барои ҳамин ҳар тобистон мушкили норасоии оби полезӣ барои зироатҳо сар мешаванд”,-мегӯяд Нурмуҳаммад.

Деҳаи Худгифи Соя дар қисмати ҷанубии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баландии зиёда аз 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, беш аз 570 аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунанд. Василаи зиндагии мардуми ин деҳа асосан кишоварзию чорводорӣ аст. Мардуми ин деҳа садсолаҳо оби нӯшокиву полезиро тавассути чашмаҳо дастрас мекарданд. Аммо дар фаслҳои гармои тобистон дар айни обталаб будани зироатҳои мардум сатҳи оби чашмаҳо кам ва баъзеи дигар хушк мешуданд ва ин боиси талаф ёфтани кишти зироатҳои мардум мегашт.

Бузургсолони ин деҳа мегӯянд дар даврони 70-соли Шӯравӣ мушкилашон ҳал нашуд. Умед доштанд ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳаашон об меояд ва орзуи чандинсолаашон амалӣ мегардад.

Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд оби нӯшокӣ ва полезиро асосан аз чашмаҳо ва рӯдҳои аз пиряхҳо ҷоришаванда дастрас мекунанд. Дар ин ноҳия дар доираи Барномаи “Даҳсолаи байналмилаии амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018 — 2028” ва “Барномаи дастрасии аҳоли ба оби тозаи нӯшокӣ барои соли 2017”  зиёда аз  20 ҳазор аҳолӣ бо шароитҳои мувофиқи истифодабарии об дастрасӣ пайдо намуданд.

 Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки  ҳанӯз ҳам наздик ба 20% аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастоҳ  бо хати оби нӯшокии ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ таъмин нестанд.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тибқи нақша 8 тарҳи хати оби нӯшокиву полезӣ бо сармоягузориҳои хориҷиву худӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Фитрат Ҳикмат