ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

0
65

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷавонони ояндасоз ва саодатманди ноҳия!

         Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ, хотирмон ва фазои сулҳу суббот дар саросари кишвари азизу маҳбубамон таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар пояи баланди фарҳангӣ ва сиёсӣ таҷлил гардида истодааст, ки ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми ҷавонони ноҳияро ба ин рўзи муборак ва хурсандибахш самимона табрик гуфта, ба Шумо дар омўзиши илму дониш барору комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Таҷрибаи таърихи давраи соҳибистиқлолӣ шоҳиди он аст, ки баъди таъмини сулҳу суббот дар мамлакат дар радифи дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа, масъалаи баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва таҳким бахшидани заминаҳои таълиму тарбия дар мадди назари давлат қарор дорад.

Ҳар сол таҷлил намудани Рўзи ҷавонон далели он аст, ки таваҷҷўҳи давлат ва Ҳукумат дар сиёсати давлатии ҷавонон хело хуб буда, барои тарбияи насли наврас тадбирҳои амалӣ мунтазам пайгирӣ карда мешаванд.

Дар воқеъ имрўзҳо дар рўҳияи ҷавонони ноҳия ҳисси баланди миллӣ, ватандорӣ, ватандўстӣ,  шодиву нишот ва эҳсоси шукргузорӣ ҳукумрон буда, собит менамояд, ки ҷавонони имрўза ҳақиқатан хушбахт ва босаодат мебошанд.

Қобили зикр аст, ки Шумо ҷавонони ноҳия дар радифи ҷавонони кишварамон ояндаи давлат ва миллат ба ҳисоб рафта, бояд дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои ободиву пешравии давлат дар ин гўшаи дурдасти Кўҳистон аҳлона заҳмат кашида, ба ғамхориву дастгириҳои давлат содиқ бимонед ва самараи донишҳои худро дар беҳбудии ҳаёти ҷомеа дареғ надоред.

Ҷавонон ҳамчун субъекти фаъоли пешбаранди ҷомеа дар таҳкими сулҳу суббот, пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувор гардидани асосҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда дошта, бо иқтидори зеҳнӣ ва ҷисмонии худ барои муаррифии давлат, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ нақши босазо гузошта истодаанд. Пешвои миллат дар ин маврид чунин изҳор намудаан: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд».

    Баҳои Роҳбари давлат ба фаъолияти ҷавонон хело самимӣ буда, ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша вақти худро дар беҳбудии ҳаёти ҷомеа сипарӣ намуда, дорои мавқеи устувор бошанд.

Даврони соҳибистиқлолии давлатамон дар ҳаёти ҷавонон барои рушди тафаккури созанда ва соҳибкасб гардидани онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаҳои боэътимод гузошта, даргоҳи мактаби худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва мардонагиву хештаншиносиро боз намудааст.

Дар ин замина имрўзҳо ҳазорҳо ҷавонон, бахусус ҷавонони ноҳия дар қатори дигар ҷавонони мамлакат, боистифода аз имкониятҳои фароҳамомада пайи омўзиши илму дониш буда, барои омода гардидани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки давраи ҷавонӣ аз лиҳози зеҳнӣ ва ҷисмонӣ марҳилаи рушд ва инкишоф ба ҳисоб рафта, ҷавонони ноҳияро зарур аст, ки мероси пурғановати бузургони гузаштаи миллати худро аз бар намуда, шахсияти худро дар муҳити солим ба камол расонанд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз рисолати таърихии ҷавонон дар шароити имрўза пеш аз ҳама ин эҳтиром ва ҳифз намудани Ватан, доштани ҳисси баланди ифхтихори миллӣ ва шинохти зарфиятҳои даврони истиқлолияти давлатамон ба ҳисоб рафта, танҳо аз ҷавонон саъю кўшиши доимиро талаб менамояд.

Пешвои муаззами миллати мо дар ин бора хеле ба маврид зикр намудаанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллиии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

     Гуфтаҳои Пешвои миллат дар самти ҷавонон дорои аҳамияти бузург мебошанд, зеро ҳамаи онҳо барои тарбияи ахлоқи, ватандустӣ, худшиносӣ, мардонагӣ ва дурандешии ҷавонон равона гардидаанд. Дар ин асно Шумо ҷавононро лозим аст, ки  шукронаи истиқлолият ва сулҳу суббот намоед ва дар айёми гул-гул шукуфии давлатамон ҳамқадами замон бошед то дар оянда комёбии дараҷаҳои ифтихори миллат ва давлат ба Шумо насиб гардад.

Боиси ифтихор аст, ки яке аз асосҳои ҳисси баланди миллии ҷавонони ноҳия дар он ифода меёбад, ки давоми се соли охир дар маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гашта, дар навбати аввал нақшаи пешбинишударо бо сари баланд иҷро менамоянд.  Ин раванд тасдиқ бар он аст, ки ҷавонони ноҳия сиёсати имрўзаи Ҳукумати кишварро хуб дарк намудаанд ва ояндаи дурахшони кишварро дар таъмини сулҳу суббот маънидод менамоянд.

Умеди онро дорам, ки ҷавонони ноҳия ҳамеша ба сиёсати Пешвои миллат эҳтиром мегузоранд ва дар роҳи омўзиши илму дониш нерўи зеҳнии худро пурра бахшида, барои ҷамъият ҳамчун мутахассис фаъолияти натиҷабахш ва созанда менамоянд. Маҳз ояндаи дурахшони давлат ва ноҳия ба фаъолияти оқилона, софдилона ва дурбинонаи Шумо вобаста буда, аз Шумо заҳмати шабонарўзиро талаб менамояд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, саломативу саодатмандӣ ва комёбиҳои баландро орзумандам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҷавонони саодатманди диёр!