ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

0
95

Ҳамдиёрони азиз!

Фаро расидани Иди саиди Фитрро  ба кулли Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми аҳли хонаводаатонро самимона табрик намуда, бароятон нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи мубораки Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро бо ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ инсонҳо пеш аз ҳама ғазабро аз худ дур месозанд ва қалбашонро ба мақоми меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезананд ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонанд.

Тоҷикон ин фазилатҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезкорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд. Мо фазилатҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёми омодагӣ ба ҷашни барои миллатамон муқаддас 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозем.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки ба азму талоши содиқонаи мардуми шарифи ноҳия раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин диёру ватани азизамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем. Воқеан, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд: «Садақаи фитр, ки яке аз рукнҳои муҳими моҳи шарифи Рамазон аст, тибқи манбаъҳои муътабари исломӣ ва василаҳои муҳими дастгирии шахсони ниёзманд мебошад ва он набояд ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба хешу табори наздики эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва мусофирону камбизоатҳо дода шавад».

Дар ин моҳи муборак нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохта, аз Парвардигор оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро талаб кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо мебошанд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавиёти созанда буда, ҳамагуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зуроварӣ ва қаҳру ҷаҳолатро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир аз ҷумла терроризм ва экстремизм мубориза мебарад».

Мову Шумо дар арафаи таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ватани маҳбубамон қарор дорем. Аз ин хотир баҳри рушду пешрафт ва тараққиёти диёри хеш, баҳри сарзабзию боз ҳам гул- гул шукуфоии Ватани азизамон бояд аз ин ҳам бештар заҳмати холисонаю содиқона намоем.

Бинобар ин бояд ба қадри  сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ,  оромию  осудагии ватани азизу маҳбубамон ва ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат расем ва шукрона аз он намоем, ки дар чунин ватани орому осуда зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба фарорасии Иди саиди Фитр табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованд барои ҳар яки Шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рузии фаровон, Ваҳдати поянда, хонаи обод, ободии диёру рушди ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!