ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

0
14

Ҳамдиёрони азиз!
Собиқадорони ҷангу меҳнат!
Афсарону сарбозони шуҷоъ!

Мардуми сулҳхоҳи кишвари маҳбубамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 9 – уми майро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яъне аз санаҳои муҳими таърихӣ 76 – умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми ноҳияро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осударо орзумандам.
Рӯзи ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мутҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин, вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.
Ин аст, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоламон даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 — уми майро ҳамчун санаи таҷлили корнамоии мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор Тоҷикистониёни далеру ҷасури мо низ баҳри дифои Ватан сафарбар шуда буданд, ки беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Аз байни онҳо 54 нафар фарзандони Тоҷикистон ба унвони баланд Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 58 ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ордену медалҳо мукофотонида шуданд ва 15 нафари дигар онҳо бо се ордени дараҷаи «Шараф» сарфароз гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ, бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад».
Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд. Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони ба ору номуси кишварамон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизу маҳбубамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои зарӯриро амалӣ менамоянд.
Сабақҳои ҷанги дуюми ҷаҳон имрӯзҳо ҳам барои сокинони сайёра хело муҳим буда, моро зарӯр меояд, ки дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, манфиатҳои миллатро аз манфиятҳои шахсию гурӯҳи боло гузорем ва нагузорем, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ватани миллии мо халалдор шавад.
Бовари дорам, ки сарбозону афсарони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар – Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол ва бо интизоми қатъии ҳарбӣ минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони кишвар Истиқлолт ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.
Бори дигар ҳамаи Шумо собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон ва тамоми сокинони ноҳияро ба 76 – умин солгарди Ғалаба самимона табрик гуфта, ба Шумо дар кору зиндагиатон комёбӣ орзумандам!
Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!