Баргузории ҷаласаи нуҳуми Барномаи минтақавии фонди Иттиҳоди Аврупо дар Кӯҳистони Масчоҳ

Имрӯз 08.04.2021 дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ — шаҳраки Меҳрон ҷаласаи нуҳуми Кумитаи Идоракунии Лоиҳаи Барномаи минтақавии фонди Иттиҳоди Аврупо «Баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар болооби дарёи Запрафшон» доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Бобозода Хайрулло, роҳбари лоиҳа Роза Қурбонова, намояндагони шарикони рушд ва масъулону намояндагони ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Масчоҳ ширкат доштанд.
Дар кори ҷаласа нахуст роҳбари лоиҳа ва намояндагони шарикони рушд доир ба корҳои амалигардида ҳисобот доданд.
Бояд гуфт, ки Барномаи минтақавии фонди Иттиҳоди Аврупо «Баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар болооби дарёи Зарафшон» аз 20-июни соли 2016 фаъолиташро дар манотиқи кӯҳистон шуруъ кард. Тибқи муқаррарот Барнома давоми панҷ сол фаъолият мекунад ва охири соли 2021 фаъолияти он ба анҷом мерасад. Маблағузори Барномаи мазкур Иттиҳоди Аврупо буда, шарикони лоиҳа ё худ амаликунадагони он: Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Ташкилоти ғайридавлатии Фаронсавии AKTED, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), Кооперативии ғайритиҷоратии «Sarob» ва ташкилоти ғайридавлатии “CAMP kuhiston” мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин Барнома ва фаъолияту нақшаҳои шарикони амаликунандаи он фарогири самтҳои гуногун буда, дар маҷмуъ барои рушди деҳот нигаронида шудааст. Барнома аз рӯи самтҳои чорводорӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ ва беҳдошт, дастраси ба технологиҳои инноватсионии агротехникӣ, биомуҳандисӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дастгирии ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, идоракунии муштараки ҷангал, сарфаи нерӯ (сарфаи барқ харид ва насби панелҳои офтобӣ) фаъолият намуда истодааст.
То имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бо дастгирии Барномаи минтақавии Иттиҳоди Аврупо ва шарикони рушд самтҳои фаъолияти дар боло зикршуда, ки ҳамагӣ лоиҳаҳои афзалиятнок барои манотиқи кӯҳистон дониста мешаванд, амалӣ намудааст. Аз ҷумла бунёди боғи интенсивӣ ва гармхона дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон, бунёди ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ва экосен дар якчанд деҳаҳои ҷамоати Иван-Тоҷик, инчунин ташкили ниҳолхонаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Барнома буданд, ки дар тули фаъолият дар ноҳия амалӣ гардиданд. Тазаккур бояд намуд, ки дар маҷмуъ Барномаи мазкур аз руи самтҳои фаъолият дар 19-деҳаҳои ҷамоати «Иван Тоҷик» лоиҳаҳои худро амалӣ намудааст.
Ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз зумраи ноҳияҳои кишоварзӣ буда, шуғли асосии сокинони он боғдорию чорводорӣ ва картошкапарварӣ мебошад. Шавқат Ҷураев, намояндаи ташкилоти ғайритиҷоратии «Sarob» дар суҳбат бо хабарнигори “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки дар Барномаи ҳадафи ташкилоти онҳо паҳн ва ҷорӣ намудани усулҳои инноваттсионӣ (таҷдидшаванда) барои боз ҳам беҳтар кардани ҳолати соҳаи хоҷагии қишлоқ мебошад.
“Ташкилоти ғайритиҷоратии «Sarob» дар давоми беш аз се соли фаъолияти хеш дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 6 гектар боғи интенсивӣ бунёд кардааст, ки 2 гектари он себ ва боқимонда зардолу ва олу мебошанд. Дар баробари ин ташкилоти мо ба ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ баҳри баланд бардоштани ҳосили картошка 40 тонна картошкаи навъи бикроза ворид кардааст. Яъне дар тули се соли фаъолият тибқи Барнома дастрас намудани тухмии хушсифат ба деҳқонон алакай самараи худро нишон дод, деҳқонон ва картошкапарварони ҳарду ноҳия тухмии хушсифатро кишт намуда, то ба 350 тонна расонидаанд”,- гуфт Шавқат Ҷураев, намояндаи ташкилоти ғайритиҷоратии «Sarob».
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло аз амалишавии Барномаи мазкур дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳниз изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки дар доираи Барнома боғҳои нав, ниҳолхонаҳо ва тухмиҳои хушсифати картошка ба ноҳия ворид гардиданд.
— Лоиҳаҳое, ки Барномаи минтақавиии Иттиҳоди Аврупо ва шарикони рушд дар манотиқи кӯҳистони амалӣ намудаанд, баҳри беҳтар гардидани вазъи иқтисоди иҷтимоии мардуми деҳот афзалияти бузург дошта, ба хусус кашидани хатти оби нӯшокӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва дастарас намудани тухмии хушсифат ба деҳқонон басо манфиатовар мебошад,-таъкид намуд зимни суханронӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа дар баробари корҳои анҷомшуда, мушкилоту монеаҳо дар самти фаъолияти Барнома ва шарикони он баррасӣ гардида, намояндагони он минбаъд ҳамкории зичи мақомотҳои иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия ва раисону ҷамоату маҳалро ба манфиату пешравии кор арзёбӣ намуданд.

Саидвоҳиди Қосим