ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУДИ “ШИРУ ШАКАР” БАРГУЗОР ГАРДИД

0
135

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таннуми ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон санаи 17 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳфили шеъру суруди “Ширу шакар” бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва шоирон баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур Маликнеъмати Неъматзод, шоир ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мирзоҳайдари Умарзод, адиб ва рииси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар вилояти Суғд, Файзуллои Сулаймон (Меҳровари Масчоӣ) ва Одинамуҳаммад Раҷабзодаи Суфӣ ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова чорабиниро ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин як маҳфилро дар арафаи ҷашни Наврӯз амри муҳим ва зарурӣ донист.
Сипас шоирон аз ободониҳо созандагиҳо дар Кӯҳистони Мастчоҳ дар замони истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, аз эҷодиёти худ дар васфи сулҳу ваҳдат, ватан ва ишқу муҳаббат шеърҳо қироат намуданд.
Дастаи ҳунармандони ноҳия Абдуҷаббор Шоҳ, Саидумрон Аҳмадзод, Азизхоҷа Шодиев, Абдунаҷиб Шоев ва чанде дигар бо суруду таронаҳои дилнишин табъи иштирокдоронро болида сохтанд.

Дар фарҷоми маҳфил раиси ноҳия Хайрулло Бобозода суханронӣ намуда, ба меҳмонон барои ташрифашон ба ноҳия изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки шоирон дар гузашта ҳамеша яке аз тараннумгарон ва паёмрасонҳои муҳаббату дӯстӣ буда, беҳтарин хислатҳои инсониро васф намудаанд. Баргузории чунин маҳфилҳои шеъру суруд метавонад ба нислҳои имрӯзу фардо, ки бо беҳтарин тарз ватандӯстиву меҳанпарастиро васф мекунанд, паёмҳои худшиносиву худогоҳиро расонад.
Сипас раис ноҳия ба шоирон барои барои ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, таннуми ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.
Хотиррасон менамоем, ки маҳфили шуъру суруди “Ширу шакар” дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба хотири тарғиби дастовардҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки адибон ва шоирон дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардида истодааст.

Беҳзод Ҷумъазода