РАИСИ НОҲИЯ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА ЗАНОНИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТРО АЁДАТ НАМУД

0
60

Имрӯз (05.03.2021) дар доираи нақшачорабиниҳои ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба таҷлил Рӯзи модар ва бо маќсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани занони собиқадорони меҳнат, аёдати модарони маъюбу барҷомонда ва камбизоат дар иду ҷашнвораҳо Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз чанде аз занон ва собиқадорони меҳнатро дар ҳудуди ноҳия аёдат намуданд.
Аз ҷумла Раиси ноҳия ба манзили зисти Ниёзова Ёдгормо, сокини деҳаи Камодон, ки пас аз эҳёи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар вазифаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ кардааст, инчунин собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Пастиғав Қобилова Рафоатморо аёдат намуда, ба онҳо бахшида ба истиқболи Рузи Модар туҳфаи идонаи Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуданд.
Ҳамгоми боздид Раиси ноҳия аз фаъолияти пуршарафи занон ва кории ибратбахши онҳо дар ҳукумати ноҳия ёдовар шуда, фаъолиятиро онҳоро барои занону духтарон намунаи ибрат хонд. Занони собиқадори меҳнат аз чунин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори шодмонӣ ва миннатдорӣ намуда, рушду шукуфоии имрузу фардои кишвар дуъои нек намуданд.

Беҳзод Ҷумъазода